Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ва дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуданд

Май 15, 2021 08:52

 ДУШАНБЕ, 15.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ки 23 май таҷлил мегардад, дар Қасри варзишии маркази вилояти Суғд  барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд  мусобиқаҳои варзишӣ оғоз гардиданд. Бозиҳои варзишӣ аз рӯи намудҳои волейбол,  гӯштини тарзи озод,  бокс,  гӯштини камарбандӣ, велосипедронӣ, баскетбол,  гӯштини юнонӣ- румӣ, камонварӣ,  варзиши сабук, дзюдо, самбо, шиноварӣ, вазнбардорӣ, каратэ-до, пойгаи равон,  шоҳмот, футбол, тенниси рӯи миз сурат гирифта, масъули баргузории мусобиқот Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд мебошад.

Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар маросими оғози мусобиқаи мазкур Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва  раисони шаҳру ноҳияҳо иштирок намуданд.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд бо мақсади таъмини иҷрои дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон ташкил гардида,  ҳадаф аз роҳандозии он тарғиби тарзи ҳаёти солим,  ҷалби ҳарчи бештари ҷавонон ба варзиш,  мустаҳкам намудани робитаи дӯстӣ байни варзишгарон маҳсуб мешавад.

Барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳо ва қадршиносии дастаҳои иштироккунанда беш аз 420 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Раиси вилояти Суғд то 26 май идома ёфта, иштироки дастаҳо аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар назар аст.

АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 15, 2021 08:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид