Бо дастури Пешвои миллат имрӯз Сарвазири мамлакат аз мавзеъҳои бар асари сел зарардидаи Кӯлоб боздид намуд

Май 12, 2021 11:37

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре АМИТ «Ховар» қаблан иттилоъ дод, дар натиҷаи боришоти боронҳои пай дар пайи  11 майи соли 2021 дар як қатор ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад, ки дар натиҷа ба ҳалокати одамон, вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои автомобилгард  боис гардид. Дар пайи ин ҳодиса, бо дастури Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи ҳукуматӣ таҳти роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода субҳи барвақти имрӯз ба шаҳри Кӯлоб сафар кард.

Дар шаҳри Кӯлоб Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ва ҳайати ҳамроҳонаш аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуда, бо сокинон суҳбат кард.

Иттилоъ дода шуд, ки бар асари сел дар шаҳри Кӯлоб даҳҳо хонаҳои истиқоматии сокинон, садҳо метр роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ, роҳи автомобилгарди маркази шаҳр дар назди муассисаи таълимии рақами 53, иншооти маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, 4 пули мошингузар ва чорвои шаҳрвандон талаф ёфтаанд.

Офати табиӣ бештар ба сокинони маҳаллаҳои Хати роҳу Корвонгузар,  Ҷумъа Алӣ, Нонвойи поён, Куҳнашаҳр ва сокинони кӯчаи Даминзода хисороти калон расонидааст. Инчунин, зеристгоҳҳо ва чанд адад трансформатор, хатҳои интиқоли барқ ва сутунпояҳо валангор гардидаанд. Дар қисмати ҷанубии шаҳр стансияи насоси ба номи Назаров, ки беш аз 5 ҳазор аҳолиро бо оби ошомиданӣ таъмин менамояд, зери обу лой монда, насосу  муҳаррикҳояш корношоям гардиданд. Иншооти обу ташноби шаҳр низ бар асари сел зарар дидааст.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, вазорату идораҳо ва шахсони масъул барои расонидани кумаки аввалия ба зарардидагон, ташкили хаймаҳои муваққатӣ, таъминот бо сару либос ва маводи ғизоӣ дастур дод.

Инчунин, супориш дода шуд, ки Комиссияи ҳукуматӣ иборат аз мутахассисон ташкил карда шуда, дар муҳлати кутоҳтарин зарари офати табиӣ муайян карда шавад.

Нимаи дуюми рӯз Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода барои шиносоӣ бо вазъи мавзеъҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин сафар менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки шоми рӯзи 11 май бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода, Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода ва Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода ба маҳали аз офатҳои табиӣ зарардидаи шаҳри Кӯлоб, ноҳияҳои Шамсиддини Шоҳин ва Муъминободи вилояти Хатлон сафарбар гардиданд.

Ҳамчунин, дирӯз бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода аз мавзеъҳои бар асари офатҳои табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Абдураҳмони Ҷомӣ ва Ёвони вилояти Хатлон боздид ба амал овард.

Бо дастури Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хисороти ба хоҷагии халқи ин шаҳру ноҳияҳо расидаро муайян сохта, барои бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ тадбирҳои бетаъхир амалӣ менамояд.

Бояд тазаккур дод, ки мувофиқи маълумотҳои пешакӣ, бар асари ин офати табиии 11 май бавуҷудомада 7 нафар, аз ҷумла 3 нафар дар шаҳри Кӯлоб, 3 нафар дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва 1 нафар дар шаҳри Ҳисор ба ҳалокат расидаанд.

Май 12, 2021 11:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид