Дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонони (U-20) баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аввалин мусобиқа имсол таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, аз 11 то 17 июн дар Душанбе чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 20-сола баргузор мешавад. Панҷ даста барои унвони пурқувваттарин минтақа мубориза мебаранд.
Дар чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонон (U-20) дастаҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат меварзанд. Ҳамаи бозиҳо дар Варзишгоҳи марказии Душанбе баргузор мешаванд.
Дар маҷмӯъ, дар доираи Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонони то 20-сола 10 бозӣ баргузор мешавад. Мусобиқа дар системаи давр дар як давр баргузор мешавад. Дастаи ғолиб аз рӯи миқдори зиёди холҳои бадастомада муайян карда мешавад.
Чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои занонаи ҷавонон (U-20)
Даври 1
11 июн (ҷумъа)
Эрон — ТОҶИКИСТОН
Ӯзбакистон — Афғонистон
Даври 2
12 июн (шанбе)
ТОҶИКИСТОН — Афғонистон
Ӯзбакистон — Қирғизистон
Даври 3-юм
14 июн (Душанбе)
Афғонистон — Эрон
ТОҶИКИСТОН — Қирғизистон
Даври 4-ум
15 июн (сешанбе)
Қирғизистон — Афғонистон
Узбакистон — Эрон
Даври 5
17 июн (панҷшанбе)
Эрон — Қирғизистон
ТОҶИКИСТОН — Ӯзбекистон
АКС аз ФФТ








Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд






