Дар Душанбе Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» баргузор шуд

Май 1, 2021 13:01

ДУШАНБЕ, 01.05.2021 /АМИТ  «Ховар»/. Имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон  бо ташаббуси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи эълон гардидани солҳои 2019-2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ Фестивали «Сад ранги чакан» баргузор гардид. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон  Матлубахон Сатториён, муовини  Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ, Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳилолбӣ Қурбонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфия Давлатзода, намояндагони вазорату идораҳо, ниҳодҳои корпуси дипломатӣ, чеварону ҳунармандон ва фаъолон аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки «ҳар қавму миллат ба ҷуз муқаддасоти миллӣ, арзишҳои фарҳангие низ доранд, ки тавассути он ба ҷаҳониён муаррифӣ мешаванд. Тоҷикон аз замонҳои дуртарини таърих ба эҷоди арзишҳои олии фарҳангӣ муваффақ шуда, аз ин рӯ ба унвони “миллати тамаддунофар” шуҳрат пайдо кардаанд».

Зикр шуд, ки баргузории Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан», ки бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Кумитаи кор бо занон ва оила  бахшида ба 30-солагиии  Истиқлоли давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат ҷараён гирифт, яке аз чунин тадбирҳое ҳисобида мешавад, ки ба хотири эҳёи суннатҳои миллии тоҷикӣ сурат мегирад.

«Чакан гулдӯзии одӣ набуда, пайдоиши он ба ҳазораи дуюми пеш аз милод рост меояд. Оид ба кашидадӯзӣ дар китобҳои “Авасто”, “Шоҳнома” ва осори бисёре аз адибони гузашта маълумот дарёфт кардан мумкин аст. Ҳар нақшу нигори болои чакан ба худ маъние дорад ва розҳои модарони тоҷикро дар худ инъикос мекунад»,-афзуд Матлубахон Сатториён

Ҳамзамон муовини Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Заррина Абдулмаинзода зимни суҳбат гуфт, ки “Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ  амалӣ  менамояд, ки дар доираи онҳо тарроҳону ҳунармандон, чакандӯзону наққошон ва аҳли илму фарҳанг маҳсули эҷоди хешро ба маърази намоиш мегузоранд”.

Мавриди зикр аст, ки баргузории Фестивали «Сад ранги чакан (чакандӯзӣ) яке аз тадбирҳои асили гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ  буда, аз рӯи 6 номина: намоиши либосҳои қадимаи чакан, намоиши либосҳои кӯдакона, намоиши либосҳои рӯзмарра, намоиши либосҳои маросимӣ  ва идона, намоиши либосҳои расмӣ, намоиши навъҳои гуногуни сӯзанидузӣ дар се давр баргузор гардид.

Мақсади баргузории фестивал ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстиву хештаншиносӣ, ифтихори ватандорӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ  ва ба ин васила, муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ  равона гардидааст.

Баргузории фестивал имкон медиҳад, ки паҳлӯҳои то ҳануз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллӣ, ҳунари волои чакандӯзии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сузанидӯзӣ, тоқидӯзӣ  ва навъҳои гуногуни нақшу нигори миллӣ  дубора эҳё гардида, мавриди баҳрабардорӣ  қарор гиранд.

Ёдовар мешавем, ки бо иқдомоти наҷиби дурбинонаву ояндасози Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзиву гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар 13-умин ҷаласаи Кумитаи байниҳукуматӣ  оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин Созмон ба Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият расман ворид гардид, ки мояи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Дар фарҷоми намоиш фаъолону ҳунармандон ва тарроҳон бо Диплому сипоснома ва туҳфаҳо сарфароз гардонида шуданд.

 София ШОИК,
АМИТ «Ховар»

АКС аз АМИТ «Ховар»

Май 1, 2021 13:01

Хабарҳои дигари ин бахш

РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Бозиҳои байналмилалии Делфӣ дар Қирғизистон иштирок дорад
Намоишномаи ҳунармандони Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Ато Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар дар Узбекистон пешниҳод мегардад
«ДӮСТИИ АДАБӢ — ДӮСТИИ АБАДӢ». Бо иштироки аҳли фарҳангу санъати Тоҷикистону Узбекистон ҳамоиш доир шуд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон аз як қатор ҷойҳои таърихию фарҳангии Тоҷикистон боздид намуд
Рӯзҳои кинои Тоҷикистон дар Узбекистон доир мешавад
Хабарнигорони Қирғизистон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанги Тоҷикистон шинос гардиданд
НАВРӮЗИ ХАТЛОН. Фасли баҳор дар ин минтақаи Тоҷикистон пештар оғоз меёбад