Директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафарзода: «Бо баланд шудани сатҳи обанбор ҳиссаи неругоҳ дар истеҳсоли қувваи барқи ҷумҳурӣ афзунтар хоҳад шуд»

Май 25, 2021 15:01

ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2020 гидроагрегатҳои № 6 ва № 5-и Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки солҳои 2018 ва 2019 ба кор андохта шуда буданд, дар маҷмӯъ 1 299 736 400 кВт.соат неруи барқ тавлид карданд. Ин ду агрегат, аз ибтидои фаъолият — солҳои 2018 — 2020 ба миқдори 2 236 959 050 кВт.соат неруи барқ истеҳсол намудааст. Минбаъд, сол ба  сол бо баланд шудани сатҳи обанбор ҳиссаи НБО-и «Роғун» дар истеҳсоли неруи барқи ҷумҳурӣ  афзунтар хоҳад шуд. 

Ин матлабро директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода зимни пешниҳоди Ҳисоботи  солона ва  муҳосибавии Ҷамъияти саҳомии кушодаи НБО-и «Роғун» барои соли 2020 ба Маҷлиси умумии солонаи саҳмдорони ҶСК НБО-и  «Роғун», ки онро рӯзномаи «Ҷумҳурият» 19 майи соли 2021 ба нашр расонидааст, баён намудааст.

«Корҳои васлу насби қисмҳои таҳкурсии турбинаи гидроагрегати № 4  ки  соли 2019 оғоз гардида буданд,  айни замон идома доранд. Соли 2020 дар кратери агрегати мазкур  васлу насби камераи спиралӣ бо вазни умумии 200 тонна  ба анҷом расид. Дар камераи спиралии гидроагрегати № 4 ва қисми аввали лӯлаи обрасон озмоиши гидравликӣ таҳти фишори 15 кг/см2 гузаронда, рӯйпӯши металлии шахтаи турбина ба болои камераи спиралӣ гузошта шуд.

Қабат ба қабат хобондану шибба намудани маводи сарбанд дар призмаи такядевори поёнӣ то сатҳи 1031м ва сарбанди навбати аввал то сатҳи 1080м, соли 2020 дар ҳаҷми 6,8 миллион м3 ва дар маҷмӯъ, дар ҳаҷми 13,5 миллион м3 иҷро гардидааст», омадааст дар ҳисоботи мазкур.

Тибқи иттилои директори генералии ҶСК НБО-и «Роғун» Хайрулло Сафарзода иншооте, ки барои ба истифода додани агрегатҳои навбатӣ пешбинӣ шудаанд, таҳти назорати доимӣ қарор дошта, бо мақсади сари вақт ҳал намудани проблемаҳои бамиёномада тадбирҳои зарурӣ  андешида мешаванд.

Дар ҳисоботи мазкур ҳамчунин омадааст, ки  соли 2020 дар сохтмони неругоҳи «Роғун» 11 631 нафар коргар ва кормандони муҳандисиву техникӣ фаъолият доштанд, ки 397 нафари онҳоро мутахассисони хориҷӣ ташкил дода, дар ду вахта ва бастҳои кории шабонарӯзӣ фаъолият кардаанд. Дар ин сол дар қитъаҳои сохтмони НБО-и  «Роғун» зиёда аз 2 331,49  метри тӯлонӣ корҳои назорати видеоӣ дар пармачоҳҳо гузаронда шуда, корҳои васлу насби АСЧ дар иншоот тибқи лоиҳаҳои ширкатҳои ҶС «Институт Гидропроект», ҶСП «Тоно Энержи Байналмилал», ҶСП муҳандисии «Сомониён» ва ҶСП «Тоҷикон» иҷро гардидаанд. Аз оғози кор — соли 2010 то охири  он  миқдори  умумии АСЧ-и масофавӣ ба 3 603 адад расидааст.

Ба гуфтаи Х.Сафарзода, тибқи шартномаи пудратӣ соли 2020 дар иншооти НБО –и «Роғун» 69 корхонаи пудратӣ ва 24 корхонаи лоиҳакашӣ – ҷустуҷӯӣ корҳои лоиҳакашиву сохтмониро анҷом додаанд.

«Соли гузашта барои пешбурди корҳои сохтмонии иншооти НБО «Роғун» ва пурра намудани фонди оинномавии ҶСК НБО «Роғун» аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявӣ 2 (ду) миллиарду 106 миллион сомонӣ пешбинӣ шуда буд. Нақшаи тасҳеҳшуда бошад, ба ҳолати 31 декабри соли 2020 аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ мувофиқи фармоиши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фармоишҳои Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои корҳои пешазшартномавии сохтмони НБО  «Роғун» маблағи 3 162 239 916 (се миллиарду яксаду шасту ду миллиону дусаду сиву нуҳ ҳазору нуҳсаду шонздаҳ) сомониро ташкил додааст. ҶСК НБО –и «Роғун» соли 2020 ба буҷет 14 210 650  сомонӣ маблағ пардохт намудааст, аз ҷумла, андоз аз даромади шахсони воқеӣ 5 055 325 сомонӣ, андози нафақавӣ (1%) 428 199 сомонӣ ва  андози иҷтимоӣ (25%) 8 727 126 сомониро ташкил медиҳад»,-зикр намудааст номбурда.

Директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» Хайрулло Сафарзода зикр намудааст, ки   ба масъалаи беҳтар намудани шароити меҳнат ва маишати коргарону кормандони муҳандисию техникии сохтмон, таъмини маводи ғизоӣ, сару либос, ҷойи хобу истироҳат, табобат, таъмини нақлиёт аҳамияти махсус дода шуда, он  зери назорати қатъӣ  қарор дорад.

Дар мавзеи сохтмон 58 адад хобгоҳҳои хурду калон барои кормандон ташкил ва онҳо бо лавозимоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шуда, нуқтаҳои хӯроки умумии коргарӣ  64 адад буда, коргаронро дар ду баст бо хӯроки чорвақтаи гарм таъмин менамоянд. Хизматрасонии тиббӣ аз тарафи маркази саломатӣ, воқеъ дар майдончаи сохтмонии №1 ба роҳ монда шуда,  ҳамзамон фаъолияти ду зербунгоҳи тиббии маркази саломатӣ дар иншооти зеризаминӣ ва рӯизаминӣ, инчунин, 15 адад нуқтаи тиббӣ дар назди корхонаҳои пудратӣ ташкил гардидаанд.

Бунёдгарони неругоҳи «Роғун» минбаъд низ азму размро дар ин майдони набард, саҳнаи нангу номуси ватандориву меҳанпарастӣ қавитар карда, ба он  равнақи тоза хоҳанд бахшид.

Аксҳо аз сомонаи НБО-и «Роғун»  

Май 25, 2021 15:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳамкории мақомоти мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ва Қатар таҳким меёбад
Ҳайати Тоҷикистон дар Малайзия масъалаи густариши сармоягузорию тиҷорат ва таҳкими муносибатҳои иқтисодиро баррасӣ намуд
Дар Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 масъалаҳои мубрами рушди «сабз» баррасӣ шуданд
«Digital Tajikistan». Форуми байналмилалӣ дар Тоҷикистон ба рушди инноватсия ва иқтисоди рақамӣ мусоидат мекунад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузорӣ дар Хатлон 11 санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Ёддошти тафоҳум дар бораи таъсиси Шурои кории Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ ба имзо расид
Ҳайати Ҷумҳурии Мардумии Чин бо фаъолияти Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» шинос гардид
Дар Тоҷикистон бо дастгири Фонди Саудии Рушд 3 лоиҳа амалӣ мегардад
Дар Душанбе нахустин маротиба Форуми байналмилалии «Digital Tajikistan» баргузор гардид
Масъалаи барқароркунии қатораи мусофирбари роҳи оҳани «Душанбе – Москва» ва хатсайрҳои байналмилалии автобусҳо баррасӣ гардид
Дар Душанбе Форуми иқтисодии СПЕКА-2024 доир мегардад
Роҳбари Гурӯҳи Бонки исломии рушд бо ордени «Дӯстӣ» қадрдонӣ карда шуд