«Хуҷанд» — ғолиби марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ
ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Марҳилаи аввали Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ бо пирӯзии дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд ба анҷом расид. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
25 май се бозии даври ҷамъбастии Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ баргузор шуданд. Дар ду бозӣ мизбонон мағлуб гардида, як бозӣ мусовӣ анҷом ёфт.
Дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанбе дар бозии хонагӣ аз дастаи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо ҳисоби 1:2 мағлуб гардид. Дастаи нави дигари Лигаи олӣ – «Эсхата»-и Хуҷанд тавассути голҳои задаи Боҳирҷон Сангибоев ва Парвиз Алиев се холи дигар ба даст оварда, бо 11 хол ба ҷои чоруми ҷадвал баромад. Голи дастаи футболи «Душанбе»-и шаҳри Душанберо Фарҳод Қосимов ба ҳадаф расонид.
Дар бозии дигар дастаи футболи «Хатлон»-и шаҳри Бохтар, ки дар се бозии охир пайиҳам пирӯз гашта буд, аз дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Голи ягонаи сабқатро Абдухалил Боронов ба нишон расонида, дастаашро ба ҷои сеюми ҷадвали чемпионат баровард.
Бозӣ миёни дастаҳои КМВА-и шаҳри Душанбе ва «Истаравшан»-и шаҳри Истаравшан бо ҳисоби мусовӣ-0:0 хотима ёфт.
Бо ҳамин дар Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои Лигаи олӣ то 20 июни соли равон танаффус эълон мешавад. Вале то он вақт мо шояд шоҳиди бозиҳои мавқуфмондаи марҳилаи якум гардем.
Хотиррасон мешавем, ки дар марҳилаи якум 10 бозӣ, хусусан бозиҳо бо иштироки дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе баргузор нашудаанд: дастаҳои «Истиқлол» бо Душанбе» (даври дуюм), «Истаравшан» бо «Истиқлол» (даври 3), «Истиқлол» бо «Хатлон» (даври 4), «Файзканд» бо «Истиқлол» (даври 5), «Хуҷанд» бо «Файзканд», КМВА бо «Равшан» (даври 7), «Истиқлол» бо «Равшан», «Эсхата» бо «Хуҷанд» (даври 8), «Равшан» бо «Кӯктош» ва «Хуҷанд» бо «Истиқлол» (даври 9) байни ҳам рақобат мекунанд.
| ДАСТАҲО | Б | Ғ | М | Б | Т | Т | ФТ | Х | |
| 1 | «Хуҷанд»(ХУҶАНД) | 6 | 4 | 1 | 1 | 14 | 5 | +9 | 13 |
| 2 | «Хатлон» (БОХТАР) | 8 | 3 | 3 | 2 | 9 | 7 | +2 | 12 |
| 3 | «Файзканд» (ВОСЕЪ) | 7 | 3 | 3 | 1 | 8 | 6 | +2 | 12 |
| 4 | «Эсхата» (ХУҶАНД) | 8 | 3 | 2 | 3 | 13 | 12 | +1 | 11 |
| 5 | «Куктош» (РӮДАКӢ) | 8 | 3 | 2 | 3 | 10 | 14 | -4 | 11 |
| 6 | «Душанбе»(ДУШАНБЕ) | 8 | 2 | 3 | 3 | 13 | 16 | -3 | 9 |
| 7 | «Истаравшан» (ИСТАРАВШАН) | 8 | 2 | 3 | 3 | 8 | 9 | -1 | 9 |
| 8 | «Истиқлол» (ДУШАНБЕ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 4 | 1 | +3 | 7 |
| 9 | КМВА (ДУШАНБЕ) | 8 | 1 | 2 | 5 | 6 | 12 | -6 | 5 |
| 10 | «Равшан»(КӮЛОБ) | 6 | 1 | 2 | 3 | 5 | 8 | -3 | 5 |
Акс аз ФФТ








Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд
Дар Душанбе оид ба ҳуқуқҳои байналмилалии футбол ва идоракунии бошгоҳҳо машғулият баргузор гардид
Дастаи «Ҳулбук»-и Восеъ ғолиби Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон-2026 шуд
ҶОМИ ФФТ-2026. Имрӯз бозии финалии дастаҳои «Барқчӣ»-и Ҳисор ва «Ҳулбук»-и Восеъ доир мегардад
ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар мусобиқаи «Ҷоми рушд-2026» иштирок мекунад






