ЛИБОСИ МИЛЛӢ — МУАРРИФИ ФАРҲАНГИ МАРДУМИ МУТАМАДДИН. Андешаҳои муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти ҶТ доир ба мавзуъ

Май 10, 2021 13:18

ДУШАНБЕ, 10.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Либоси миллӣ муаррифи фарҳанги ҳар як халқи мутамаддин мебошад. Эҳтиром ба либоси миллӣ ҳамчун рамзи арзишҳои миллӣ ифодагари тамаддуни давлатҳо маҳсуб мешавад. Вале, имрӯз фарҳанги либоспӯшии мо коста шуда, ба яке аз мавзӯъҳои баҳснок табдил ёфтааст.

Ин нуктаро зимни суҳбат бо   АМИТ «Ховар» муовини сардори Раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарзона ХУДОЙДОДОВА иброз дошт.

Фарзона Худойдодова, муовини сардори Раёсати МТС

Солҳои охир таваҷҷуҳи роҳбарияти мамлакат ба ташвиқу тарғиби либоси миллӣ ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ зиёд гардидааст. Ҷиҳати ҳарчӣ бештар ҷалб намудани сайёҳон ва рушди бахши сайёҳӣ бо ибтикор бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019–2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон гардидааст. Мушоҳидаҳо собит месозанд, ки  тайи ду соли аввал  дар деҳоти мамлакат   пешравиҳо ба назар расида, рушди сайёҳӣ ва омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ  тавсе пайдо мекунанд.

“Чунин дастгирии Пешвои миллат ҳунармандон, соҳибкорон ва ҷомеаи шаҳрвандиро вазифадор менамояд, ки дар рушди тамоми ҳунарҳои мардумии миллатамон ва ҷиҳати ҷалби ҳарчи бештари  тваҷҷуҳи хориҷиён саҳм гузоранд. Бонувони тоҷикро зарур аст, ки дар баробари дигар ҳунарҳои мардумӣ либоси миллиро, ки таърихи қадимӣ дорад, бо тамоми зебогияш муаррифӣ намоянд”, — изҳор дошт Фарзона Худойдодова.

 Бино ба суханони ӯ, чандин аср боз либоси миллии тоҷикон ҳусни зебои худро гум накардааст ва минбаъд низ гум нахоҳад кард. Баръакс, бо мурури замон бо фикру идеяҳои тарроҳони муосир либоси миллӣ ҳусни ҷаззобтар пайдо кардааст, анвои гуногуни либоси миллӣ бо тобиши аврупоӣ – доману блузкаҳои чакан, кардиганҳои атласу фаранг, костюмҳои адрасу чакан ва ғайраҳо симои бонувони тоҷикро оро медиҳанд, ки ин таваҷҷуҳи сайёҳону меҳмонони хориҷиро беш аз пеш ҷалб менамояд.

Ба зикри ҳамсуҳбати мо, бештари сайёҳони олам пеш аз сафар ба дилхоҳ давлати дунё аввал аз сарчашмаҳои гуногун бо таърих, фарҳанг, урфу анъанаи ҳамон миллату мавзеъ шинос мешаванд. “Албатта, ҳангоме ки сайёҳон ба давлати интихобкардаашон меоянд, онҳо дар мадди аввал ба фарҳанги миллии сокинони ин кишвар таваҷҷуҳ намуда, хоҳиши аз наздик дидан ва ба бар кардани либоси миллии онро доранд. Масалан, дар Япония ба дидани либоси зебои «кимано» (расми 1), дар Ҳиндустон ба  «сари» (расми 2), дар Шотландия ба «килт» (расми 3), дар Гурҷистон ба «картули» (расми 4) ва дигар вижагиҳои миллӣ шавқи бештар зоҳир карда мешавад”_ зикр намуд ӯ.

Ҳамсуҳбати мо тазаккур дод, ки Тоҷикистон асосан таърихи фарҳанги либоспӯшии се минтақаро ифода мекунад, ки таҷҷасумгари фарҳанги либоспӯшии тамоми минтақаҳои кишвар мебошад. “Масалан, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, — мегӯяд ӯ. —  бонувон либоси сафед бо нақшу нигори сурх, тоқии сурх ва ҷӯроби рангин ба бар мекунанд (расми 5); дар вилояти Хатлон бонувон тоқии гулдӯзӣ ва либоси зебои чакан ба бар мекунанд, ки дар он нақшҳои гуногуни рангоранг бо даст гулдӯзӣ карда шудаанд ва ҳар нақш дар алоҳидагӣ фалсафаи хоси худро дорад (расми 6); дар вилояти Суғд бонувон тоқиву камзӯли зардӯзӣ ва либоси адрасу атласи рангинкамон ба бар мекунанд (расми 7). Пас, хулоса намудан мумкин аст, ки миллати тоҷик фарҳанги либоспӯшии хеле бой ва гуногун дорад, ки аз решаҳои амиқи таърихӣ сарчашма мегирад. Мо – бонувон бояд либоси миллии худро бештар эътироф намоем, то ки ба ҷаҳониён фарҳанги худро муаррифӣ намоем ва сайёҳонро бештар бо зебоии табиати диёрамон, фарҳангамон, таърихамон, одобу рафторамон ва меҳмондориамон ҷалб созем”.

Бояд гуфт, ки бонувони тоҷик худ табиатан ҳусни зебо доранд ва бо ба бар кардани либоси миллӣ ҳусни онҳо дучанд мегардад. Бонувони тоҷик дар ҳама давру замон посдори оину анъанаҳои муқаддаси миллат маҳсуб гашта, либоси миллии онҳо, бешубҳа, яке аз рукнҳои асосии фарҳангу тамаддуни миллат мебошад.

«Солҳои охир бо афзудани талабот ба тамошои филмҳои хориҷӣ ва тақлид ба ҳунарпешаҳои хориҷӣ бештари занҳо ва ҷавондухтарон ба сӯйи бегонапарастӣ майл намуда, либосҳои ба миллати мо бегонаро ба бар мекунанд. Онҳо бештар ба ҳиҷобу сатри сиёҳ ва либосҳои доманкӯтоҳ, тангу барашон бурида ҳавасмандӣ пайдо намудаанд, ки ба фарҳанг ва тарзи тафаккури миллии мо умуман хос нестанд. Ҳанӯз аз замонҳои хеле қадим бонувони мо пироҳанҳои дарози аз зону поён бо миёнбанди нозук ба бар мекарданд. Сатр ва ҳиҷоб хоси бодиянишинон буд ва ба либоси миллии мо робитае надошт. Сатри сиёҳ ба мардуми мо куллан бегона аст. Мутаассифона, як гурӯҳ бонувон имрӯз либоси миллии зебои худро монда, либоси дигар давлатҳоро эътироф намуда, фарҳанги дигар мардумро муаррифӣ карда истодаанд, ки ин рафтори онҳо кулли сайёҳон ва меҳмонони хориҷиро ба ошуфтагӣ меорад»,- мегӯяд Ф Худойдодова.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, майл ба либоси бегона кардан ва даст кашидан аз фарҳанги бою ғании миллатамон боиси таассуф ва нигаронист, зиёда аз ин ҳамаи ин беэҳтиромӣ нисбат ба миллат ҳисобида мешавад. Зеро, агар забони миллат яке аз ҷузъҳои ҳувият ва ҳастии ҳар миллат бошад, пас ҷузъи дигари муҳими он либос мебошад. Дар ин маврид ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки зимни суханронии хеш бахшида ба Рӯзи Модар 7 марти соли 2020 дар робита ба ин масъала таъкид намуда буданд: «Мехоҳам таваҷҷуҳи модарону бонувони муҳтарамро бори дигар ба масъалаи риояи расму ойинҳои миллӣ, аз ҷумла тарзи либоспӯшӣ, хусусан дар ноҳияҳои атрофи пойтахти мамлакат ҷалб намоям. Тақлид ба либоспӯшии бегона, яъне бегонапарастӣ нишонаи возеҳи бефарҳангиву бемаърифатӣ ва гузашта аз ин, ҷаҳолат аст ва оқибати хуб надорад».

 “Воқеан, беэътиноӣ ба  либоси аҷдодӣ, ки ҷузъи фарҳанги миллии мо маҳсуб шуда, ба дину мазҳаб ҳеҷ умумият надорад, нишонаи ҷаҳолат ва сатҳи пасти худшиносию тафаккури ин гуна ашхос буда, дар шароити ҷаҳонишавӣ ва рақобати фарҳангҳо дар ташаккули тафаккури миллии ҷавонони мо нақши манфӣ мегузорад”, — мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Бино ба андешаи Фарзона Худойдодова, муносибат ба либоси миллӣ, ки имрӯз теъдоди муайяни бонувони тоҷик онро бо ҳисси баланди ифтихор ба бар мекунанд, арҷгузорӣ ба он чун ҷузъи фарҳанги миллати тоҷик бояд мавриди таваҷҷуҳи ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ҷавонон ва ҳунармандону тарроҳон, ки муаррифи бевоситаи ин тарзи либоспӯшӣ мебошанд, қарор дода шавад. Тарғиби либоси миллӣ бояд бо диди нав, завқу ҷустуҷӯи тоза ва истифода аз матоъҳои истеҳсоли ватанӣ роҳандозӣ шуда, тавассути ҷалби бештари сайёҳон ба ҷаҳониён муаррифӣ гардад.

АКСҲО аз муаллиф ва манбаъҳои боз

Май 10, 2021 13:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҳамкории илмӣ-таҳқиқотии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо намояндагони барномаи SATREPS ва лоиҳаи JDS вобаста ба тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии илм ва технологияи Ҷопон ҳамкориро густариш медиҳанд
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии Ҷопон ҳамкории илмиро тақвият мебахшанд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Дурнамои рушди ҳамкории илмии Тоҷикистон ва Ҷопон баррасӣ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши корҳои эҷодии магистрантон ифтитоҳ шуд
Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар Ҷопон бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Олмон баргузор мегарданд