«Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа». Дар Хоруғ даври аввали озмун доир гардид
ХОРУҒ, 23.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври аввали озмуни “Маданияти андозсупорӣ-баҳои бофарҳангии ҷомеа” сурат гирифт. Озмун бо ташаббуси Кумитаи андози назди Ҳукумати ҷумҳурӣ ба муносибати 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, мақсади он аз ташвиқу тарғиби муқаррароти қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани фарҳанги андозсупорӣ иборат буд.
Қабл аз оғози озмун сардори нозироти андози шаҳр Илҳом Муродҳусейнов довталабони озмунро бори дигар бо низомнома, тартиб ва шартҳои озмун, ҳайати ҳакамон шинос намуда, изҳор дошт, ки супоридани андоз барои ҳар шаҳрванд ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Кӯдакону наврасон бояд аз хурдсолӣ мафҳуму моҳияти ин суханонро дарк кунанд ва бидонанд, ки чаро волидону омӯзгорон ва қишрҳои дигари ҷомеа андоз месупоранд. Маблағе, ки мақомоти андоз ҷамъоварӣ мекунад, ба куҷо ё барои чӣ масраф мешавад. Инҳо одитарин суолҳоеанд, ки ҳар наврас бояд ба он посух дода тавонад.
Озмун дар ду номина сурат гирифт. Номинаи аввал расми беҳтарин зери унвони “Андоз аз нигоҳи наврасон” ва номинаи дуюм- “Беҳтарин донандаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон” унвон дошт.
Сардори Раёсати андози вилоят Иқбол Додихудоев гуфт, ки “озмуни мазкур зери сарпарастии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят доир гардида, ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад. Мақсади асосии он- шиносоии ҳарчӣ бештари кӯдакону наврасон ва ҷавонон бо моҳият ва аҳамияти пардохти андозҳо мебошад”.
Аз суҳбат, шарҳу эзоҳи иштирокдорон аён гардид, ки онҳо ба озмун бо омодагии ҷиддӣ ҳозир шуда, дар бораи аҳамияти андоз дар рушди соҳаҳои мухталифи давлат ва ҷомеа маълумоти кофӣ ҷамъоварӣ намудаанд. Яке аз ширкаткунандагони озмун Усно Деҳқонзода гуфт, ки “қаблан дар бораи андоз ва фаъолияти мақомоти андоз тасаввуроти хеле ночиз доштам, аммо баъди эълони озмун ва ширкат дар он оид ба ин соҳаи муҳим огоҳии комил пайдо намудам. Акнун медонам, ки андоз чист ва ба чӣ мақсад масраф мешавад”.
Дар номинаи “Беҳтарин донандаи Кодекси андози ҷумҳурӣ” бештар донишҷӯёну соҳибкорон ширкат намуда, ба суолҳои ҳакамон посух гардонданд.
Донистани ҳуқуқу уҳдадориҳои андозсупорандагон ва худи кормандони мақомоти андоз, масъулияти андозсупории шаҳрвандон оид ба иҷрои уҳдадориҳои андоз, шарҳу тавзеҳи бобу моддаҳои Кодекси андоз аз ҷумлаи суолҳое буданд, ки довталабон ба онҳо ҷавоб гардониданд.
Пас аз таҳлилу баррасӣ ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро муайян ва дар вазъияти тантанавӣ ба онҳо ифтихорномаи раиси шаҳр ва мукофоти пулӣ тақдим намуданд.
Ғолибони озмуни даври шаҳрӣ ба даври вилоятӣ, ки моҳи июн баргузор мегардад, омодагӣ мебинанд.
АКСҲО аз МИҲД шаҳри Хоруғ










Доир ба нақши матбуоти тоҷик дар таҳкими арзишҳои соҳибистиқлолӣ ҳамоиш баргузор гардид
ГУЛҲОИ ВАТАН ШУКУФТА БОЛОИ ЧАКАН. Дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоиши фарҳангӣ доир шуд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Ин иқдом соли ҳаштум аст бо мақсади ҳифзи либоси миллӣ гузаронида мешавад
МАН СУРУДИ ОСИЁЯМ, ҚИТЪАИ ОГОҲДИЛ. Эҳдо ба 115-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Мирзо Турсунзода
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ». Дар ноҳияи Ёвон роҳпаймоӣ баргузор гардид
Дар шароити ҷаҳонишавӣ мероси миллӣ ва маънавиро ҳифз мебояд кард
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дар Осорхонаи миллӣ конфронси илмӣ доир шуд
Ҷаласаи комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» дар соли 2026 баргузор гардид
Дар «Тоҷикфилм» 12 лоиҳаи нави синамоӣ муаррифӣ карда шуд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Кафедраи ЮНЕСКО таъсис дода шуд
ИСТЕҲСОЛИ ФИЛМҲОИ МИЛЛӢ ДАР ТОҶИКИСТОН КАМ АСТ. Ва ё рушди кинои миллӣ аз кӣ ва чӣ вобаста аст?
Маҷмуаи ашъори «Каманди зулф»-и Шоири халқии Тоҷикистон дар нашриёти «Орван»-и Теҳрон ба табъ расид






