Марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди COVID-19 миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз шуд

Май 26, 2021 16:10

ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/.  25 май  марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурусти Истиқлол» ва якчанд муассисаҳои тандурустии пойтахт оғоз гардид.

Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маъракаи дуюми иммунизатсия бар зидди COVID-19 марҳила ба марҳила миёни кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ  бургузор мегардад.

Марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус 23 марти соли равон оғоз шуда, аввалан он миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва  соҳаи маориф ва илми пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе доир шуд.

Воридоти ваксинаи «AstraZeneca» ва ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 сурат гирифт. Ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ворид гардид.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҷилавгирии вуруди навбатии беморӣ ба ҷомеа ва таъмини сиҳатии сокинон  8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси “Сомон-Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.

АКС: аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ

Май 26, 2021 16:10

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон