Марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди COVID-19 миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 26.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. 25 май марҳилаи дуюми иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус миёни кормандони Муассисаи давлатии «Маҷмааи тандурусти Истиқлол» ва якчанд муассисаҳои тандурустии пойтахт оғоз гардид.
Тавре аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, маъракаи дуюми иммунизатсия бар зидди COVID-19 марҳила ба марҳила миёни кормандони соҳаи тандурустии пойтахт, вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ бургузор мегардад.
Марҳилаи аввали маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавирус 23 марти соли равон оғоз шуда, аввалан он миёни кормандони соҳаи тандурустӣ ва соҳаи маориф ва илми пойтахти кишвар- шаҳри Душанбе доир шуд.
Воридоти ваксинаи «AstraZeneca» ва ба иммунизатсия фаро гирифтани аҳолӣ бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии шарикон оид ба рушд дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) бар зидди бемории COVID-19 сурат гирифт. Ваксинаи ширкати британиягии Оксфорд “AstraZeneca”, ки дар “Пажӯҳишгоҳи зардобаҳои Ҳиндустон” истеҳсол шудааст, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо ва ворид гардид.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади ҷилавгирии вуруди навбатии беморӣ ба ҷомеа ва таъмини сиҳатии сокинон 8 марти соли 2021 дар чаҳорчӯби механизми ҷаҳонии дастрасии одилона ба ваксинаҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (COVAX) қисми якум дар ҳаҷми 192 000 воя ваксина тавассути парвози махсуси “Сомон-Эйр” аз Деҳлӣ ба Душанбе интиқол дода шуд.
АКС: аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






