ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад

Май 4, 2021 08:09

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи  бебориш  дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона 0-5  дараҷа хунук ва рӯзона  11+16 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбандаи бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 13+18  ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳавои  тағйирёбандаи бебориш пешбинӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд . Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 15-20  метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо тӯфони чангу ғубор ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона 18+23  дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 24+29  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 3-8  ва дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15 метр дар як сония вазида, дар баъзе ноҳияҳо чангу ғубор ба амал меояд.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 14+19 дараҷа гарм ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона  24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш шуда, чангу ғубор ба амал меояд. Шамол аз самти  шарқ бо гузариш ба ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  16+18 ва рӯзона 30+32 дараҷа гарм мешавад.

Май 4, 2021 08:09

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад