ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Тоҷкистон ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад

Май 8, 2021 08:18

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз  Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд. 

Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳои шарқии вилоят бориши сусти борон дар назар аст.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва  рӯзона 20+25 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво  шабона аз 4 дараҷа хунук то 1 дараҷа гарм ва рӯзона  9+14 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ағбаҳо туманфаромада, раъду барқ ба амал меояд. Шамол  аз самти ғарб бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20  ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон  ҳаво  тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18  дараҷа гарм ва рӯзона 27+32 дараҷа гарм мешавад.  Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 9+14  ва рӯзона 20+25  дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои тағйирёбанда дар назар буда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада,дар ағбаҳо туман мефарояд.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8  метр дар як сония мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо  шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.  Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 7+12 ва рӯзона  20+25 дараҷа гарм мешавад.

Дар  шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи  бебориш мешавад.  Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона  12+14 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.

Май 8, 2021 08:18

Хабарҳои дигари ин бахш

6 феврал дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Оид ба тағйирёбии иқлим ва стратегияҳои мутобиқшавӣ дар Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
5 феврал дар якчанд кумита, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорати давлатии энергетикӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
«МегаФон Life»: алоқа бе маҳдудият ва хароҷоти зиёдатӣ
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Палатаи савдо ва саноат иштироки соҳибкоронро дар 38 намоишгоҳ таъмин намудааст
СОЛИ 2026 — СОЛИ АМАЛҲОИ НЕК, ТАШАББУСҲОИ СОЗАНДА ВА ДАСТОВАРДҲОИ НАЗАРРАС. Онро метавон марҳилаи нави ободонӣ ва худшиносии миллӣ номид
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
4 феврал дар якчанд корхонаю идора нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад