ОБУ ҲАВО: Имрӯз дар Точикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар ин бора аз Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.
Ба иттилои Агентии обуҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 8+13 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 12+17 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 4+9 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр ва тағйирёбанда шуда, танҳо рӯзона дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ баъзан ҳолатҳо бориши сусти борон ва дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 16+21 дараҷа гарм ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 ва рӯзона 24+29 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабр ва тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал омада, туман мефарояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 13+18 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 6+11 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳавои камабр ва тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад. Рӯзона дар баъзе ҳолатҳо бориши сусти борон ва раъду барқ ба амал меояд. Шамол аз самти ғарб бо суръати 3-8 ва дар баъзе ҳолатҳо бо шиддати то 10-15 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 15+17 ва рӯзона 32+34 дараҷа гарм мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Доир ба пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
Сардори Раёсати робитаҳои байналмилалии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон дар озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷойи якумро соҳиб шуд
Орзуи миллионер шудан бо ZET-MOBILE воқеӣ аст
Дар Донишкадаи байналмилалии Хуҷанди Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон сохтмони биноҳои нави таълимӣ оғоз шуд
Баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия дар Коллеҷи технологии Конибодом баррасӣ гардид
IRS: Ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок таъмин аст
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Беш аз 300 гектар замини ноҳияи Айнӣ ба гардиши кишт ворид карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон борон ва барф меборад
Оид ба робитаи фалсафа бо зеҳни сунъӣ машварат баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Маркази тадқиқоти стратегӣ конфронс доир шуд
Раиси Маҷлиси намояндагон бо ҳайати комиссияи экспертии Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг вохӯрӣ намуд






