Озмуни байналмилалии «Евровидение-2021» дар Роттердам оғоз ёфт

Май 17, 2021 09:51

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Озмуни байналмилалии сурудҳо-«Евровидение-2021» якшанбеи 16 май расман дар Роттердами Нидерланд оғоз шуд. Озмун аз 18 то 22 май дар Ahoy Arena баргузор мешавад. Баромадҳои ниманиҳоӣ 18 ва 20 май доир  мегарданд. Маросими ифтитоҳи озмун барои ҳаводорони шоу (намоиш), ки бинобар пандемияи коронавирус дар ҷаҳон натавонистанд ба он биоянд, ба таври онлайн пахш карда шуд.

Дар озмун 34 ҳайат аз 39 кишвари иштирокчии озмун ширкат варзиданд. Ҳайатҳои Полша ва Исландия бо сабаби дар вуҷуди онҳо ошкор шудани коронавирус дар маросим ҳузур надоштанд,  иштирокчиёни озмун аз Руминия ва Малта бо сабаби тамоси эҳтимолӣ бо полякҳо ва исландиҳо ба худмаҳдудкунӣ фиристода шуданд. Инчунин намояндаи Австралия низ натавонист иштирок кунад ва паёми видеоӣ фиристод.

Сароянда Манижа (ДАР АКС), ки Россияро дар ин озмун муррифӣ мекунад, бо дастаи ҳамовозаш рӯи гилеми фирӯзаранги роҳрав зоҳир шуд ва дар бораи оҳанги «Russian Woman», ки бо он дар озмун ҳунарнамоӣ хоҳад кард, нақл намуд.

«Давраҳои душвори зиндагиам маро ба навиштани ин суруд водор сохтанд. Ҳоло ман метавонам эҳсос кунам, ки чӣ гуна паёми ин суруд ба ман кумак мекунад, ки худам дар саҳнаи «Евровидение» барпой биистам», — изҳор намуд  ӯ ба хабарнигорон.

Пештар дар ҳамин рӯз иштирокчиёни озмун аз Хорватия ва Австралия Манижаро дастгирӣ карданд. Илова бар ин, сарояндаи австралиягӣ Монтене изҳор дошт, ки Манижа маҳбуби ӯ дар «Евровидение» аст.

Дар моҳи апрел суруди Манижа «Russian Woman» ба дарёфти ҷоизаи Eurostory Award барои беҳтарин матни озмун пешбарӣ шуда буд. Сароянда иброз дошт, ки суруд ба такомули худшиносии зан дар Россия дар тӯли чандин садсола бахшида шудааст.

 АКС: AP 2021

Май 17, 2021 09:51

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон