Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Май 28, 2021 17:52

ДУШАНБЕ, 28.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода иштирок намуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои аъзои ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Боларус бо мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко бо  сарони Ҳукуматҳо-Саварзирони кишварҳои аъзои ИДМ оғоз гардид.

Зимни мулоқот муҳимтарин масъалаҳои фарогири ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз қабили иқтисоду тиҷорат, сармоягузорӣ, илму маориф, саноату кишоварзӣ, гумрук, сайёҳӣ, фарҳанг ва тандурустӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Сипас кори ҷаласа дар доираи маҳдуд ва васеъ идома ёфт.

Дар ҷаласаи Шӯро беш аз 10 муҳимтарин масъалаи  фарогири самтҳои гуногуни ҳамгироии давлатҳои аъзои иттиҳод, аз ҷумла Тақвияти ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои аъзои ИДМ, Нақшаи миёнамӯҳлати амалиёти муштараки кишварҳои аъзои ИДМ доир ба пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, Созишнома дар самти амнияти санитарӣ дар ҳудуди кишварҳои аъзои ИДМ ва Созишнома дар соҳаи ҳамкорӣ дар самти ба шуғл фаро гирифтани аҳолии кишварҳои аъзои ИДМ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Зимни баргузории ҷаласа зикр гардид, ки дар замони паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 натиҷаи ба роҳ мондани фаъолияти неки кишварҳои узви ИДМ буд, ки то андозае пеши роҳи пастравии иқтисодиёт дар минтақа гирифта шуда, барои муолиҷа ва пешгирии густариши бемории сироятӣ бо истифода аз таҷрибаи мутахассисони кишварҳои дӯст чораҳои мушаххас амалӣ гардид.

Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода зимни баргузории ҷаласа таъкид дошт, тадбирҳои мушаххасе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо кишварҳои аъзои ИДМ ба роҳ мондааст, аз  принсипҳои дӯстӣ, эҳтироми мутақобила ва эътимод, ҳамкории мутақобилан судманд ва баррасии манфиатҳои ҳамаи ҷонибҳо асос ёфтаанд ва оянда низ ба хотири тақвият бахшидани ҳамгироӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ карда хоҳад шуд.

Дар анҷоми кори ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони Ҳукуматҳо-Сарвазирони кишварҳои узви ИДМ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус як қатор санадҳо ба имзо расиданд.

Созишнома дар бораи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ оид ба огоҳонӣ дар хусуси воридот ва истифодаи маҳсулот бо нишонаҳои дуруғин ва мушаххас набудани кишвари истеҳсолкунанда; Консепсияи ниҳодҳои давлатии ҳокимият (иҷроия), ки идораи захираҳои молиявиро дар кишварҳои аъзои ИДМ амалӣ менамоянд барои давраи то соли 2030 ва нақша-чорабинии асосӣ дар самти амалисозии он; Тадбирандешии маҷмуавии кишварҳои аъзои ИДМ дар хусуси пешгирӣ ва мубориза бо Яшур (бемории сироятии чорво) дар давраи то соли 2025; Протоколи ворид намудани тағйирот  дар созишномаи ҳамкории кишварҳои аъзои ИДМ дар самти геодезия, харитасозӣ, кадастр ва банақшагирии фосилавии замин аз 9-уми октябри соли 1992 ва ғайра аз зумраи санадҳои имзошуда мебошанд.

Май 28, 2021 17:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк масъалаи омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2028 дар Душанбе баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар ҷаласаи солонаи Гурӯҳи 77 ва Чин иштирок намуд
Ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ гардид
Дар Душанбе брифинг оид ба омодагӣ ба Саммити Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид
Сироҷиддин Муҳриддин дар чорабинии сатҳи баланди «Ташаккули ояндаи об» иштирок намуд
Дар Ню-Йорк аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи захираҳои об ва тағйирёбии иқлим ёдовар шуданд
Сироҷиддин Муҳриддин дар муколамаҳои сатҳи баланд оид ба низомҳои огоҳии бармаҳал иштирок намуд
Соҳибкорону сармоягузорони тоҷик дар Форуми байналмилалии сармоягузории Хоразм иштирок намуданд
Дар Женева 34-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷашн гирифтанд
Сафири Тоҷикистон дар Туркия бо волии Трабзон мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар вохӯрии ҷаҳонии вазирони Семаул ва ҳамоиши роҳбарони Семаул иштирок дорад
Дар Вена нахустин консерти Оркестри давлатии симфонии Тоҷикистон баргузор шуд