САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕБОЯД НАМУД. Ва ё ифтитоҳи хатсайрҳои нав ба рушди туризми дохилӣ мусоидат менамояд

Май 20, 2021 14:09

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Маликшо Неъматзода бо фаъолияти «Маркази сайёҳӣ ва солимгардонии иттифоқи касаба»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон аз наздик шинос шуд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Директори марказ Маъруф Нодирӣ ба Раиси Федератсия оид ба омодагӣ ба мавсими истироҳатии соли 2021 ва хатсайрҳои сайёҳию солимгардонии аз ҷониби марказ ба дӯстдорони сайру сайёҳат пешниҳодгардида, дар маҷмӯъ доир ба фаъолияти марказ маълумоти мукаммал дод. Зикр гардид, ки «Маркази сайёҳӣ ва солимгардонии иттифоқи касаба»-и Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ҳоло ба ҳаводорони сайру сайёҳат 20 хатсайри мукаммали сайёҳии дохилӣ пешниҳод менамояд.

Бахусус, хатсайрҳои «Душанбе-Сафеддара», «Душанбе-Искандаркӯл», «Душанбе–Норак» байни дӯстдорони сайру сайёҳати дохилӣ хеле ҷолиб ва мақбуланд. Сокинони мамлакат ва шахсони касбу кори гуногун ҳангоми фориғ аз кор ба тамошои ин мавзеъҳои зебоманзари кишварамон, ки табиати нотакрор доранд, мераванд.

Маликшо Неъматзода таваҷҷуҳи кормандони марказро барои  ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ ва пешниҳоди хизматрасонии сатҳи баланд ҷалб намуда, иброз дошт, ки сайёҳӣ дар ҷумҳурӣ яке аз соҳаҳои афзалиятнок буда, солҳои охир босуръат рушд менамояд. Кишвари мо дорои мероси ғании таърихиву фарҳангӣ ва захираҳои табиист ва барои ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба кишвар имконияту иқтидори воқеӣ мавҷуданд.

Солҳои охир намудҳои сайёҳии пиёдагардӣ, экологӣ, кӯҳнавардӣ, солимгардонӣ бештар маъмул гардидаанд. Ташкили инфрасохтори зарурии сайёҳӣ ба ҷалби бештари сайёҳони хориҷию дохилӣ ва тавлиди ҷойҳои нави корӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат менамояд.

АКСҲО аз Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон

Май 20, 2021 14:09

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад