Сохтмони бинои «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияи Данғара бомаром идома дорад

Май 29, 2021 09:13

ДУШАНБЕ, 29.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Корҳои сохтмонӣ дар  биноҳои Муассисаи давлатии таълимии «Коллеҷи оташнишонӣ-техникии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара  ва Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД  дар деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор, ки ин ду иншоот  бояд соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд,  бомаром идома доранд.

Тавре аз Вазорати корҳои дохилии мамлакат ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, дар партави сиёсати пешгирифтаи Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҷиҳати сазовор истиқбол гирифтани  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти  роҳбарии  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,  Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ ва ҷузъу томҳои он дар баробари иҷрои вазифаҳои асосии самти фаъолият, инчунин дар корҳои созандагиву ободонии  иншооти бунёдшавандаи вазорат саҳми назаррас мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки 1 июни соли 2018  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамоати деҳоти Корези ноҳияи Данғара барои бунёди Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузошта буданд.

Маблағи умумии сохтмони бинои  муассисаи мазкур 59 миллиону 186 ҳазор сомониро ташкил дода, он аз бинои маъмурӣ, бинои таълимӣ, истгоҳи нақлиёти қисми оташнишонӣ, ошхона бо 170 ҷойи нишаст, китобхона, толори маҷлис бо 250 ҷой, толори варзиш, хобгоҳ бо 260 ҷой, машқгоҳи тактикӣ, майдончаҳои баскетбол, волейбол, футболи хурд ва машқи гимнастикӣ иборат мебошад. Масоҳати умумии майдони иншоот 2, 8 гектарро ташкил медиҳад.

Муассисаи давлатии таълимии “Коллеҷи оташнишонӣ-техникӣ”-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар муассисаҳои олии таълимӣ на танҳо барои сокинони ноҳияи Данғара, балки баҳри қонеъ кардани талаботи аҳолии шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб хизмат мерасонад.

Иншооти дигари бунёдшавандаи ВКД — бинои Дидбонгоҳи алоҳидаи ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонӣ дар деҳаи Ориёни ноҳияи Фархор дар масофаи 5  км аз маркази ноҳия ҷойгир буда, он аз ду ошёна иборат аст.

Дар бинои мазкур  ду мошинсарой, нуқтаи маркази алоқа, ошхона, хобгоҳи ҳайати шахсӣ, ҳаммом, синфхона, 9 утоқҳои корӣ ва майдончаи варзишии замонавӣ сохта шудаанд.

Айни замон дар иншооти мазкур қисми зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шуда, ҳамчунин барои бо оби доимӣ таъмин намудани дидбонгоҳ чоҳи амудӣ сохта ба истифода дода шудааст.

Аксхо аз сомонаи Вазорати корҳои дохилии ҶТ

Май 29, 2021 09:13

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо бунёди иншооти муосир симои шаҳри Ваҳдат ба куллӣ дигаргун гардидааст
Дар болои Сирдарё пули нави иловагии мошингард сохта мешавад
Сокинони деҳаи Сангпари шаҳри Кӯлоб бо оби нӯшокии босифат таъмин гаштанд
Эмомалӣ Раҳмон: «Наврӯзро ба шукронаи сулҳу оромӣ дар давраи омодагӣ ба ҷашни бузурги миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешвоз мегирем»
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад