Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё миёни ҷавонон сазовори медали нуқра шуд
ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари ҷавони тоҷик Сунатулло Лоиқов дар Ҷоми Осиё оид ба ҷудо миёни наврасон ва ҷавонон, ки 14-16 май дар шаҳри Алматои Қазоқистон баргузор шуд, сазовори медали нуқра гардид.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” иттилоъ доданд, дар мусобиқаи мазкур беш аз 400 нафар варзишгар аз 4 кишвари Осиё ширкат карданд. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 11 варзишгар — 6 нафар миёни ҷавонон ва 5 нафар миёни наврасон намояндагӣ намуданд.
Сунатулло Лоиқов дар вазни 81кг миёни ҷавонон рақобатро дар даври аввал ба муқобили варзишгари мизбон Бекзат Таугалиев оғоз карда, пирӯз шуд. Ӯ дар даври чорякниҳоӣ варзишгари дигари мизбон Батирхан Сакенов ва дар нимфинал намояндаи Қирғизистон Абдулло Ҷалолиддиновро мағлуб намуд. Вале дар мубориза барои медали тиллои мусобиқа аз чемпиони ҷаҳон миёни ҷавонон дар соли 2019- варзишгари ботаҷрибаи мизбон Аян Байгази шикаст хӯрда, барандаи медали нуқра гардид.
АКС: аз Кумитаи миллии олимпӣ








Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид






