СУТ: ҷаҳон аз лиҳози сатҳи гирифторӣ ба COVID-19 ба нуқтаи авҷ расид, аммо мо набояд ҳушёриро аз даст бидиҳем

Май 11, 2021 10:21

ДУШАНБЕ, 11.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Теъдоди ҳолатҳои нави сироятёбӣ аз COVID-19 дар сатҳи ҷаҳонӣ аз афзоиш бозмонд. СУТ мегӯяд, ки ҷаҳон аз лиҳози сатҳи гирифторшавӣ ба COVID-19 ба нуқтаи авҷи худ  расид. Ва дар баъзе минтақаҳо, масалан, дар Амрикои Шимолӣ, Ҷанубӣ ва Аврупо, ки ба наздикӣ аз рӯи шумораи сироятёбӣ пешсаф буданд, нишондиҳандаҳои  беморшавӣ рӯ ба коҳиш овардаанд.

Дар ҳамин ҳол, тавре ки роҳбари СУТ Тедрос Гебрейесус зимни брифинг дар Женева изҳор дошт, ин нишондиҳандаҳо дар маҷмӯъ чун пештара хеле баланд мебошанд. Дар тӯли ҳафтаи охир 5,4 миллион ҳолати гирифторшавӣ ба ин беморӣ сабт шуд ва 90 ҳазор нафар ба асари COVID-19 фавтиданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти ахбори СММ.

«Мо аз ҳар гуна коҳиши нишондиҳандаҳо истиқбол мекунем, аммо ин пештар низ сурат мегирифт», — ёдовар шуд доктор Тедрос. — Соли сипаришуда дар аксари кишварҳо тамоюли коҳиши шумораи ҳолатҳои беморшавӣ ва фавт мушоҳида мешуд, ҳукуматдорон чораҳои маҳдудкунандаи иҷтимоиро бисёр зуд сабук карданд, одамон ҳушёриро аз даст доданд ва дар натиҷа бозгашт ба ақиб сурат гирифт».

Маҳз ҳамин ҳолат дар Ҳиндустон, ки ҳар рӯз 350-370 ҳазор нафар сироят меёбанд, сурат гирифт. Доктор Тедрос ташаббуси нави СУТ — «Барои Ҳиндустон муттаҳид мешавем» -ро эълон кард, ки дар доираи он Созмон барои дастгирии мубориза бар зидди пандемия дар он кишвар маблағ ҷамъоварӣ хоҳад кард. Пулҳо, аз ҷумла, барои хариди балонҳои оксиген, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ ва доруворӣ масраф хоҳанд шуд.

Тедрос инчунин нобаробариро дар раванди эмгузаронӣ бо COVID-19 зикр кард. Масалан, дар кишварҳои дорои сатҳи даромади баланд ва даромади миёна, ки дар онҳо тахминан 53 фоизи аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунанд, 83 фоизи тамоми вояҳои ваксинаҳои то имрӯз истеҳсолшуда рост меояд. Дар ҳамин ҳол, кишварҳои дорои даромади кам ва камтар аз сатҳи миёна, ки дар онҳо 47 фоизи аҳолии кураи Замин зиндагӣ мекунанд, танҳо 17 фоизи ваксинаҳоро ба даст овардаанд.

Роҳбари СУТ бори дигар таъкид кард: то вақте ки аксарияти сокинони сайёра бо ваксина эм карда нашаванд, пирӯзӣ бар пандемия ғайриимкон аст.

ДАР АКС: дар Ҳиндустон ҳолатҳои гирифторшавӣ ба COVID-19, чун пештара, афзоиш меёбанд. Дар беморхонаҳо барои ҳама ҷой намерасад. Акс аз ЮНИСЕФ / А. Сингх

Май 11, 2021 10:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон