ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 май, шанбе, 121- умин рӯзи соли 2021 аст

Май 1, 2021 08:00

1 майи соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба вафоти шоири маъруфи тоҷик Бозор Собир ба наздикону пайвандони шоири маҳбуб изҳори тасаллият ва ҳамдардии амиқ баён намуданд.

***

28 сол пеш, 1 майи соли 1993 300 нафар аввалин гурезагон аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонида шуданд.

***

Дар ин рӯзи соли 2013 ҷаласаи Шӯрои ҷамъиятии Хадамоти муҳоҷирати назди Ҳукумати Ҷумуҳрии Тоҷикистон доир шуд.

1 МАЙ ТАҶЛИЛ КАРДА МЕШАВАД:

Рӯзи меҳнат.

***

Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории диққи нафас.

РӮЙДОДҲО:

 80 сол пеш, 1 майи соли 1940 дар Сталинобод аввалин кӯл — «Кӯли комсомол»  ба истифода дода шуд.

***

1 майи соли 2004 Венгрия, Кипр, Латвия, Литва, Малта, Полша, Словакия, Словения, Чехия ва Эстония ба Иттиҳоди Аврупо шомил шуданд, ки дар таърихи ин созмон бузургтарин ҳамроҳшавии давлатҳо ба шумор меравад.

***

Дар ин рӯзи соли 1922  дар Россия аввалин хати байналмилалии ҳавоӣ кушода гардид.

***

7 сол пеш, 1 майи соли 2014 вазъ ва дурнамои  ҳамкории  тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Беларус муҳокима карда шуданд.

***

1 майи соли 2018 дар доираи бозиҳои даври 5-уми Ҷоми КФО-2018 дар гурӯҳи «D» дастаи футболи «Истиқлол»-и Тоҷикистон дар сафар бо дастаи футболи «Аҳал»-и Туркманистон дидори ҷавобӣ анҷом дод.

ИНЧУНИН ДАР ИН РӮЗ…

Соли 1884  дар Чикаго сохтмони аввалин бинои серошёна, ки иборат аз 10 ошёна буд, оғоз ёфт.

***

Соли 1899 бори нахуст доруи аспирин ба фурӯш бароварда шуд.

Май 1, 2021 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш