Тоҷикистон ва Франсия ба ҳамкорӣ дар бахши телевизион ва радио тавсеа мебахшанд

Май 19, 2021 16:19

ДУШАНБЕ, 19.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон ва Франсия ҳамкориро дар бахши телевизион ва радио ба роҳ монда,  густариш  медиҳанд. Масъалаи тавсеаи ҳамкории ду кишвар дар бахши телевизион ва радио дар мулоқоти Раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид ва Сафири Франсия  дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран дар Душанбе баррасӣ гардид.

Аз Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати  ҷумҳурӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ки дар мулоқот ҳамзамон масъалаи омодагӣ ба Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Франсия матраҳ гардид.

Инчунин мусоҳибон барои ҳамкорӣ дар самти бозомӯзию табодули таҷрибаи кормандон, бартараф намудани мушкилоти техникии пахши барномаҳои шабакаҳои телевизионию радиоӣ ибрози назар намуданд.

       Акс аз Кумитаи телевизион ва радио

Май 19, 2021 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд