В.Путин дастур дод, ки омӯзиши забони русӣ дар ИДМ тақвият дода шавад

Май 14, 2021 13:06

ДУШАНБЕ, 14.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Россия бо шарикони худ дар ИДМ барои паҳн кардани забони русӣ корҳои зиёдеро анҷом медиҳад, аммо ин бешубҳа, кофӣ нест,- гуфт президенти Федератсияи Россия Владимир Путин. Вай ба вазири маориф Сергей Кравтсов супориш дод, ки ба ин давлатҳо пешниҳодҳои иловагӣ барои дастгирии омӯзиши забони русӣ манзур намояд, менависад рӯзномаи давлатии  «Российская газета».           

Дар мулоқот бо аъзои ҳукумат Путин зикр кард, ки қабули донишҷӯён аз кишварҳои ИДМ барои таҳсил дар донишгоҳҳои Россия ҷузъи хеле муҳими фаъолияти  муштарак бо шарикон мебошад.

«Дар ин робита, мо бояд ба рушди забони русӣ дар ин кишварҳо диққати зарурӣ диҳем, омӯзиши забони русиро дастгирӣ кунем»- гуфт Президент ва аз Вазорати маориф хоҳиш кард, ки «таклифҳои иловагӣ пешниҳод кунад». «Зеро он чизе, ки имрӯз анҷом дода мешавад, ба таври равшан кофӣ нест. Бале, мо дар ин самт кор карда истодаем, аммо, такрор мекунам, назар ба он чи ки мо имрӯз анҷом дода истодаем, мумкин аст аз ин зиёдтар карда шавад », — иброз дошт Сарвари давлат.

Ба гуфтаи вай, мавзӯи омӯзиши забони русӣ чанде қабл дар ҷараёни сафари кории Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Москва баррасӣ шуд. Доир ба ин давлат ба Сергей Кравтсов низ супориш дода шуд, ки таклифҳо пешниҳод кунад.

«Мақомоти маҳаллӣ, мақомоти ҷумҳуриявӣ дар ин самт метавонанд корҳое анҷом диҳанд, аммо бидуни дастгирии мо вазифаҳои дар пешгузошташуда ғайриимкон аст ҳалли худро ёбанд. Ва мо, албатта, ба ин таваҷҷуҳ дорем. Мо бояд дар ин ҷо фаъолтар кор кунем”, — хулоса кард Владимир Путин.

                                                    АКС аз манбаъҳои боз

 

Май 14, 2021 13:06

Хабарҳои дигари ин бахш

«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд
Дар шаҳри Бишкек Бозиҳои Делфӣ ба таври бошукуҳ ифтитоҳ шуданд
Дар Узбекистон Рӯзҳои кинои Тоҷикистон баргузор гардиданд
25 март даври дуюми Фестивали гулҳо таҳти унвони «Сайри гули лола» ҷамъбаст мегардад
Хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти ду шабакаи телевизонӣ дар Тоҷикистон ва студияҳои сабти овоз шинос гардиданд