Варзишгари маъруфи тоҷик Баҳодур Усмонов ба даври нимниҳоии Чемпионати Осиё роҳ ёфт

Май 26, 2021 16:21

ДУШАНБЕ, 26.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Варзишгари шинохтаи тоҷик Баҳодур Усмонов дар рӯзи дуюми рақобатҳои Чемпионати Осиё оид ба бокс бо муштзани кишвари Филиппин — Ҷон Паул Пануаян қувва санҷид. Муштзани шинохтаи тоҷик дар ду давр бартарии комил дошт. Дар раунди сеюм ӯ ҳарифашро зери   зарбаҳои шадиди худ қарор дод ва довар қабл аз анҷоми вақт рақобатро боз дошта, пирӯзиро ба Баҳодур Усмонов дод. Дар ин бора  шореҳи варзиши ТВ «Варзиш» Каримхон Бекматов  ба  хабарнигори АМИТ «Ховар»  Меҳрони Қурбон хабар дод.

Ин варзишгари муваффақи тоҷик ба даври навбатии мусобиқот баромад. Акнун дар даври ½-ниҳоӣ Баҳодур Усмонов бо намояндаи кишвари Ҳиндустон сабқат мекунад. Ин маротиба низ Баҳодур мақсад дорад, то унвони чемпиони Осиёро дубора аз худ кунад. Ёдовар мешавем, ки Ассотсиатсияи байналмилалии бокс эълон намуд, ки барои ғолибони Чемпионати Осиё 10 ҳазор доллар, барои барандаи нишони нуқра 5 ҳазор доллар ва барои ҷойи сеюм 2,5 ҳазор доллар тақдим карда мешавад.

Хотиррасон мешавем, ки  Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар ин мусобиқа  боз Миҷгона Самадова, Шоира Зулқайнарова, Нилуфар Бобоёрова, Иззатуло Алиев, Сомон Ғоибов, Саидикром Амонов ва Шаббос Негматуллоев намояндагӣ мекунанд.

Чемпионати Осиё оид ба бокс  дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб   21 май оғоз ёфт ва то 1 июн идома меёбад.

Дар намуди бокс варзишгарони мо ду роҳхати Бозиҳои олимпӣ ба даст овардаанд. Баҳодур Усмонов дар вазни 64кг ва Шаббос Негматуллоев дар вазни 81кг Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпии Токио, ки аз 23 июл то 8 августи соли 2021 баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

                                                    АКС аз бойгонии шахсии Б. Усмонов

 

Май 26, 2021 16:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид