Як гурӯҳ ҷавонони ниёзманди ноҳияи Рўдакӣ бо аробачаҳои маъюбӣ таъмин гардиданд

Май 25, 2021 13:52

 ДУШАНБЕ, 25.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Ориф Хоҷазода, ки роҳбари гурӯҳи кории  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ мебошад,  ба як гурӯҳ ҷавонони ноҳияи мазкур, ки бо амри тақдир аз роҳгардӣ маҳруманд, аробачаҳои маъюбӣ тақдим намуд.

Тавре аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, Ориф Хоҷазода дар баробари аробачаҳои маъюбӣ ба Мафтуна Фатҳуллоева, Ганҷина Насриддинова, Санавбар Исмоилова, Аъзам Умаров ва Парвизи Мухторалӣ инчунин кумаки яквақтинаи молиявӣ тақдим намуд.

Дар ҷараёни суҳбату мулоқот ва тақдими аробачаҳо  Ориф Хоҷазода изҳор намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста  ба  масъалаи ҳифзи иҷтимоии шахсони ниёзманди ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, минбаъд низ чунин дастгирию ғамхориҳо нисбат ба онҳо  идома дода мешаванд.

         АКС: аз Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ

Май 25, 2021 13:52

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Моҳи апрел даври якуми озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз меёбад
КИШТИ БАҲОРӢ. Маъсар зироати пурқимати равғандеҳ маҳсуб мешавад
ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад