«ЗИЁДА 43 СОЛ БОЗ МАН ДАР ТОҶИКИСТОН ЗИНДАГӢ МЕКУНАМ». Мусоҳибаи роҳбари ҷамъияти қазоқони «Байтерек» дар Тоҷикистон Зауре Саминова бо АМИТ «Ховар»

Май 20, 2021 13:21

ДУШАНБЕ, 20.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатиро имсол ду давлати бародар ва дӯст — Тоҷикистон 9 сентябр ва Қазоқистон 16 декабр таҷлил мекунанд. Ин ду сана ду халқро, ки дар тӯли асрҳо дар фазои сулҳ ҳамкории мутақобила доштанд, ба ҳам наздик мекунанд. Дар замони Шӯравӣ тақрибан 12 ҳазор қазоқ дар қаламрави Тоҷикистон зиндагӣ мекарданд. Бинобар ҷанги шаҳрвандӣ қисме аз онҳо ба ватани таърихии худ рафтанд. Қазоқҳое, ки имрӯз дар мамлакати мо зиндагӣ мекунанд, дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол фаъолона саҳм мегиранд. Дар бораи он, ки шаҳрвандони қазоқтабор дар Тоҷикистон чӣ гуна зиндагӣ мекунанд, барои ҳифзи фарҳанги миллии онҳо кадом тадбирҳо андешида мешаванд, роҳбари ҷамъияти қазоқон «Байтерек» дар Тоҷикистон Зауре Саминова нақл кард.

—   Президенти Қазоқистон бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон  омаданд. Оё шумо дар робита ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкории дуҷониба ба ин сафар умед мебандед?

— Имсол Тоҷикистон ва Қазоқистон 30-солагии истиқлоли худро ҷашн мегиранд. Дар тӯли ин солҳо ҳарду давлат дар рушди худ муваффақиятҳои назаррас ба даст оварданд, ки ин мояи хушҳолист.

Сафари Қосим-Жомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон — Ватани аҷдодии мо ба Тоҷикистон аз равобити танзимшудаи сиёсӣ ва дӯстона байни давлатҳо дар ҳама сатҳҳо шаҳодат медиҳад. Қазоқҳои муқими Тоҷикистон, ки шаҳрванди ин кишвар мебошанд, ҳамеша аз чунин ҳамкории зич хушҳоланд ва мунтазири иттилоот дар бораи музокирот ва созишҳои ҳосилшуда мебошанд. Мо дар рушди фарҳанги тоҷикон ширкат меварзем, аммо фарҳанги худро низ фаромӯш намекунем. Ман ҳамеша мегӯям, ки мо, қазоқҳо, шаҳрвандони комилҳуқуқи Тоҷикистонем. Мо аз ин боздид умеди калон дорем, аз он ҷиҳат, ки аксарият мунтазири ифтитоҳи парвозҳои мунтазам мебошанд, зеро на ҳама имкон доранд бо хатсайрҳои чартерӣ парвоз кунанд. Ман мехостам, ки ду президент дар қатори масъалаҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ ва башарӣ масъалаи ифтитоҳи парвозҳои мунтазамро низ баррасӣ кунанд.

— То замоне ки пандемияи коронавирус ба мо расид, шумо зуд-зуд ба Қазоқистон мерафтед?

— Бале, зуд-зуд, чунки чиптаҳо нисбатан дастрас буданд. Дар як сол 3-4 маротиба сафар мекардам, хешовандонамро хабар мегирифтам, барои иштирок дар ягон чорабинӣ мерафтам. Умуман, аксари қазоқҳое, ки дар ин ҷо зиндагӣ мекунанд, робитаро бо хешовандонашон дар Қазоқистон гум намекунанд.

— Зауре, лутфан дар бораи худ каме маълумот диҳед, чӣ тавр шумо ба Тоҷикистон омадед, чӣ кор мекунед, зиндагии шумо дар ин ҷо чӣ тавр мегузарад?

— Ман зиёда аз 43 сол боз дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунам. Соли 1978 ман ба ин ҷо барои таҳсил омадам ва барои ҳамеша ин ҷо мондам. Тоҷикистон ба ман аз ибтидо маъқул шуд. Чор фарзанд ва ҳафт набераи ман дар ин ҷо ба воя расидаанд ва зиндагӣ мекунанд, мо ба ҳеҷ ҷо рафтанӣ нестем.

— Ҷамъияти қазоқҳо кай ташкил шуд ва он чӣ гуна аст?

— Ҷамъияти қазоқҳо «Байтерек» -ро ман соли 2006 дар Душанбе ташкил карда будам. Ҳадафи асосии таъсиси он мусоидат ба эҳё ва ҳифзи суннатҳо, расму оинҳо ва забони ниёгони қазоқҳои маҳаллӣ буд. Коронавирус ба фаъолияти ҷамъият таъсири шадид гузошт ва бисёр чорабиниҳои ба нақша гирифташуда сурат нагирифтанд. Фикри ташкили ҷамъият вақте пайдо шуд, ки ман дар бораи фаъолияти Ассотсиатсияи умумиҷаҳонии қазоқҳо таҳти раёсати Президенти аввалини Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев огоҳӣ пайдо кардам. То ин вақт гумон доштам, ки қазоқҳо танҳо дар Қазоқистон зиндагӣ мекунанд, аммо тавре маълум шуд, онҳо дар тамоми ҷаҳон мавҷуданд. Ман дидам, ки халқи қазоқ то чӣ андоза муттаҳид аст, чӣ гуна якдигарро дастгирӣ ва кумак мекунанд. Дар омади гап, баъзе қазоқҳое, ки дар деҳаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва мо бо онҳо робита барқарор кардем, фикр мекарданд, ки онҳо дар саросари Тоҷикистон танҳо ҳастанд. Имрӯзҳо намояндагони ҷамъияти мо дар бисёр ноҳияҳо мавҷуд мебошанд.

Дар ҷараёни муошират бо қазоқҳои тоҷикистонӣ ман дар бораи зиндагии онҳо бисёр чизҳоро фаҳмидам. Ҳар яке тақдири худро дорад, касе ба ин ҷо мисли ман барои кор омадааст, касе оила барпо кардааст ва барои зиндагӣ ба ин ҷо кӯчидааст. Аммо аксарияти онҳо, албатта, оилаҳои қазоқҳое мебошанд, ки дар солҳои 20-ум бадарға шудаанд.

— Оё шумо бо Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон тамос доред, оё он шуморо дастгирӣ мекунад?

— Мо бо Сафорати Қазоқистон робитаҳои хеле хуб дорем, ҳамкории зич дорем, чорабиниҳои гуногун ташкил мекунем. Ҷамъияти мо — намунаи дипломатияи мардумӣ мебошад. Гап дар сари он аст, ки қазоқҳое, ки дар деҳот ё минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд, на ҳама вақт медонанд, ки масалан, чӣ гуна ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кунанд, чӣ тавр худро барои қабул номнавис кунанд, дар ҳолати зарурӣ ба куҷо муроҷиат кунанд. Дар чунин ҳолатҳо мо ба онҳо дар ҳалли масъалаҳо кумак мерасонем.

— Ҳоло қазоқҳо дар кадом минтақаҳои Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд?

— Тибқи иттилои Агентии омори Тоҷикистон, қабл аз ҷанги шаҳрвандӣ дар қаламрави Тоҷикистон зиёда аз 12 ҳазор қазоқҳо зиндагӣ мекарданд. Дар давраи ҷанг ва пас аз он, албатта, бисёриҳо рафтанд.

Қазоқҳо дар саросари Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.

Зиёдтар аз ҳама қазоқҳо дар солҳои пеш аз ҷанг ва ҳоло дар вилояти Хатлони Тоҷикистон ва дар Душанбе зиндагӣ мекарданд. Дар минтақаҳои тобеи ҷумҳурӣ ва дар вилояти Суғд ва ҳатто 2 оилаи қазоқ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиндагӣ мекунанд. Дар замони шӯравӣ, ҳатто дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ (Колхозобод) як мактаби қазоқӣ вуҷуд дошт. Имрӯз қазоқҳои маҳаллӣ дар соҳаи тиб ва маориф кор мекунанд. Дар ноҳияи Дӯстӣ тақрибан 600 оила, дар Бохтар — 38, дар Душанбе — 87 оила зиндагӣ мекунад. Дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон тақрибан 950 оилае мавҷуд аст, ки дар ҷамъияти мо сабти ном шудаанд.

— Оё шумо ягон чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла барномаҳои миллӣ баргузор мекунед?

— Мо мунтазам чорабиниҳо ташкил мекунем, ба истиснои соли 2020. Мо асосан ҷашнҳои миллиро қайд мекунем, дар моҳи март Наврӯзро ҷашн мегирем, Рӯзи Бешбармоқро қайд мекунем. Мо инчунин хӯрокҳо ва ҳунарҳои миллии худро дорем ва онҳоро инкишоф медиҳем.

Барои духтарони ҷавон мо курсҳои тайёр кардани хӯрокҳои миллии қазоқӣ, инчунин гулдӯзиҳои миллӣ ташкил карда, мефаҳмонем, ки нақшҳо чӣ маъно доранд.

— Оё шумо дар доираи ҷамъият барои ҳифзи забони қазоқӣ дар байни қазоқҳои этникӣ ягон кор мекунед?

— Одатан, қазоқҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, бо забони тоҷикӣ назар ба забони қазоқ беҳтар суҳбат мекунанд, бо забони русӣ, ки забони байналмилалӣ аст, озод гап мезананд. Ногуфта намонад, ки ин амри табиист. Вақте ки тоҷиктаборони дар Қазоқистон ба воя расида ба Тоҷикистон меоянд, онҳо низ, чун қоида, забони модарии худро намедонанд, аммо метавонанд бо қазоқӣ озодона ҳарф бизананд ва танҳо пас аз таҳсил дар донишгоҳҳо дар ин ҷо онҳо бо забони модарии худ суҳбат карданро ёд мегиранд.

Барои нигоҳ доштани забони қазоқӣ дар байни қазоқтаборон, мо мактаби якшанбегӣ дорем, ки дар он кӯдакон, наврасон ва ҷавонон забон меомӯзанд ва муошират мекунанд. Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи ҷаҳонии қазоқҳо моро бо китобҳо ва маводи дарсӣ бо забони қазоқӣ таъмин кардаанд. Барои ба наврасон омӯзонидани 80% забон мо тамоми имконотро дорем. Ҳоло забони қазоқиро тақрибан 30 кӯдак меомӯзад.

Қазоқистон барои Тоҷикистон барои 50 нафар квота ҷудо мекунад ва аз Қазоқистон ба ин ҷо бештар меоянд. Қазоқистон инчунин барои шаҳрвандони қазоқтабор квотаҳои алоҳида ҷудо мекунад.

Елена БАТЕНКОВА,
АМИТ «Ховар»

Май 20, 2021 13:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ШАРИКИИ СТРАТЕГӢ ТАҚВИЯТ МЕЁБАД. Яке аз самтҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистонро ҳамсоягии нек бо давлатҳои минтақа ташкил медиҳад
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ кӯшишҳои самимонаи мардуми шарафманд ва меҳнатдӯсти тоҷикро дастгирӣ менамояд»
Шавкат Мирзиёев: «Узбекистон минбаъд низ дар паҳлуи Тоҷикистон меистад»
ТАШАККУЛИ МАКТАБИ ЗЕҲНГАРОЁНАИ ИДОРАКУНӢ ДАР СИЁСАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Мулоҳизаҳои докторони илми фалсафа Хайриддин Усмонзода ва Саидмурод Фаттоҳзода
Президенти Тоҷикистон: «Сарфакорона истифода бурдани обу неруи барқро дар тамоми фаслҳои сол, ҳатто дар тобистон қатъиян таъмин намоем»
Президенти Тоҷикистон: «Бояд ҳамеша сарҷамъ ва дар зери парчами миллиамон муттаҳид бошем»
ХАЙРУ САДАҚОТ – СУННАТИ НЕК. Андешаҳои вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба ҷойи намоишкориву исрофкорӣ мо бояд кӯшиш кунем, ки барои таълиму тарбияи фарзандонамон шароити беҳтарин муҳайё созем»
Сарвари давлат сокинони Тоҷикистонро ба роҳ надодан ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ даъват намуданд
Эмомалӣ Раҳмон: «Анҷом додани хайру садақот ва саховат кардан анъана ва суннати нек мебошад»
МУҲАББАТ БА ВАТАН АЗ ИМОН АСТ. Андешаҳои раиси Шурои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ-МАСЪАЛАИ МУҲИМИ ЗАМОНИ МУОСИР. Андешаҳои профессор Махфират Хидирзода дар ин мавзуъ