Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон

Июнь 2, 2021 15:42

ДУШАНБЕ, 02.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Баррасии масоили вобаста ба рушди минбаъдаи муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории ду кишвар нахуст дар мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон оғоз ёфта, зимни музокироти расмии сатҳи олӣ бо иштироки ҳайатҳои васеи ду ҷониб идома ёфт.

Дар ҷараёни мулоқоту музокироти сатҳи олӣ ҳолати кунунӣ ва дурнамои робитаҳои кишварҳо, инчунин, масъалаҳои умдаи минтақавӣ ва байналмилалӣ баррасӣ карда шуд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз пазироӣ ва меҳмоннавозии гарму самимии ҷониби Покистон изҳори сипосу хушнудӣ карда, доир ба аҳамияти муносиботи ду кишвар чунин гуфт: “мо ҷойгоҳи геостратегии Покистон ва нуфузи онро дар минтақаи Осиёи Ҷанубӣ ва ҷаҳони ислом муҳим мешуморем. Мо омодаем тамоми имкониятҳоро ҷиҳати таҳкими минбаъдаи муносибатҳо ва ҳамкории кишварҳоямон ҳадафмандона истифода барем”.

Зимни музокироти расмӣ доир ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷорату иқтисод, илму маориф, фарҳанг, амният ва дигар самтҳои робитаҳои барои ҳар ду давлат судманд, гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Таъкид гардид, ки бо дарназардошти воқеияти имрӯза, аз ҷумла вобаста ба пандемияи КОВИД-19 рушду тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, саноат ва ҷалби сармоя, бояд яке самтҳои асосии талошҳои муштараки ҷонибҳо бошад.

Зарур шумурда шуд, ки ҷиҳати афзоиш додани ҳаҷми тиҷорати дуҷониба ва тавсеаи ҳамкории сармоягузорӣ, фаъолияти самарабахши Комиссияи муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва илмию техникӣ идома бахшида шуда, ҳамзамон кори Шӯрои муштараки соҳибкорон ва Гурӯҳи кории муштарак оид ба энергетика ва инфрасохтор фаъол гардонида шавад.

Татбиқи муштараки лоиҳаи САSA-1000 дар соҳаи энергетика намунаи олии ҳамкории ду кишвар мебошад ва яке аз масъалаҳои муҳим дар доираи лоиҳаи САSA-1000 саривақт анҷом додани корҳои сохтмонию васлкунӣ ба шумор меравад.

Соҳаи нақлиёт яке аз самтҳои афзалиятноки робитаҳои ду кишвар буда, Тоҷикистон омодаи тавсеа бахшидани ҳамкориҳо дар ин соҳа, алалхусус, доир ба пайвастани Тоҷикистон бо бандарҳои баҳрии Покистон — Қарочӣ ва Гвадар аз тариқи ташаккул додани долонҳои транзитиву нақлиётӣ мебошад.

Ба роҳ мондани парвозҳои боркашонии (карго) байни ду кишвар омили афзоиши табодули молу маҳсулот маънидод гардид.

Бояд гуфт, ки ба мақсади тавсеаи ҳамкориҳо дар самти ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматии сеҷониба оид ба ҳамлу нақли транзитӣ ва тиҷорат байни Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон таҳия гардидааст ва дар баррасии ҷонибҳо қарор дорад.

Вобаста ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаи саноат пешниҳод гардид, ки ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноати сабук ва коркарди маҳсулот, инчунин дорусозӣ, таъсис додани корхонаҳои муштараки саноатии истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон бо иштирок ва сармоягузории ширкатҳои покистонӣ ба роҳ монда шавад.

Дар соҳаи кишоварзӣ ҷонибҳо оид ба густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои чорводорӣ, растанипарварӣ, мубодилаи таҷриба дар самти селексияи тухмии зироатҳои ғалладонагӣ, лубиёгӣ, равғандиҳанда ва бозомӯзии мутахассисони тарафҳо, ҳавасмандии худро иброз доштанд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ, бахусус таъмини амнияти минтақа, Тоҷикистон ва Покистон дар масъалаҳои мубориза алайҳи таҳдидҳои глобалӣ — терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, шарики табиӣ номида шуд.

Дар робита ба вазъи мураккаби сиёсии кишвари ҳамсояи Афғонистон таъкид шуд, ки Тоҷикистон хоҳони ҳарчи зудтар барқарор гардидани сулҳу субот дар он мебошад.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки робитаҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар оянда низ тавсеа ёфта, ба манфиати ду мардуми дӯст хизмат хоҳанд кард.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар барои пазироии самимӣ ва меҳмоннавозии ҳукумат ва мардуми Покистон изҳори сипоси беандоза карда, аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон муҳтарам Имрон Хон ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобии расмӣ ба Тоҷикистон даъват ба амал оварданд.

Ҷараён ва натиҷаҳои мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Покистон 02.06.2021

Июнь 2, 2021 15:42

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ дар тантанаҳои идона ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ иштирок намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори 28-солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бинои нави истиқоматии 5-ошёна барои хизматчиёни давлатиро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ҳудуди Парки технологии шаҳри Хоруғ коргоҳҳои истеҳсолии маҳсулоти гӯштӣ ва обҳои табиии ташнашиканро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо лоиҳаҳои биноҳои истиқоматӣ бо маркази хизматрасонию тиҷоратӣ, таваққуфгоҳи нақлиётӣ, меҳмонхона ва майдончаи варзишии кӯдакон шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ китобхонаи кӯдаконаи вилоятӣ, китобхонаи шаҳрии ба номи Ҳофизи Шерозӣ ва Маркази рушди зеҳни сунъиро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ Маркази фарҳангӣ, савдо ва Шурои иттифоқҳои касабаи вилоятро ифтитоҳ намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ пули мошингузарро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои маъмурии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ 3,7 км роҳ, 550 метр долони зидди тарма ва пули мошингузарро дар деҳаи Барсеми ноҳияи Шуғнон ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бино ва озмоишгоҳи Муассисаи давлатии нигаҳдории роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро ифтитоҳ намуданд