30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Панҷ корҳои омодагӣ ба пешвози ин ҷашни миллӣ вусъати тоза мегиранд

Июнь 3, 2021 10:01

ДУШАНБЕ,03.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода ба ноҳияи Панҷ сафари корӣ анҷом дода, бо  ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар  иншооти  ҷашнӣ, корҳои ободонию бунёдкорӣ ва таъмиру таҷдиди биною иншоот дар ноҳияи мазкур  шинос гардид. Номбурда дар  оғози корҳои таъмиру таҷдиди боғи фарҳангию фароғатии маркази ноҳия ва Парчами давлатӣ, ки дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, иштирок намуд.  Масоҳати умумии иншооти мазкур 55430 метри мураббаъро  ташкил дода, сохтмони он  тибқи  талаботи  стандартҳои ҷаҳонии   меъморӣ  ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо роҳбарияти ҶДММ «Корпоратсияи моҳии тоҷик» аз заминҳои наздисарҳадӣ, ки  солҳои пеш  дар онҳо ҳавзҳои моҳипарварӣ буд, дидан намуда, масъалаи аз нав ташкил   намудани чунин  ҳавзҳоро   баррасӣ  карданд.

Дар ин раванд вазир бо сокинон, соҳибкорон, кормандони мақомоти маҳаллӣ ва шахсони эҳсонкорону ватандӯсти ноҳия вохӯрӣ намуда, онҳо ба корҳои ободонӣ, таъмиру таҷдиди манзили истиқоматӣ ва биноҳои маъмурию ҷамъиятӣ, кӯчаю маҳалла ва шаҳраку деҳоти ноҳия даъват карда шуданд.То ин давра аз 210 иншооти ҷашнии банақшагирифташуда 185 иншоот мавриди истифодабарӣ қарор дода шуда, сохтмони 25 иншоот-нуқтаҳои хизматрасонӣ, синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ, бунгоҳҳои тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, хати оби нӯшокӣ, таъмири роҳҳо ва ғайраҳо тибқи нақша идома доранд.Қисми зиёди иншооти мазкур бо ҷалби сокинони маҳал, фаъолон, соҳибкорон ва шахсони саховатпешаи ноҳия амалӣ шуда истодаанд.

Аксҳо аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ

Июнь 3, 2021 10:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан бинои маҷмааи миллии соҳибкории «Роҳи Абрешим»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон дар Иди картошка иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон барои бунёди 2 корхона санги асос гузоштанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон муассисаи таълимии хусусии литсейи «Идрок»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Шаҳристон ва Айнӣ 9 иншоотро мавриди истифода қарор доданд