Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 боздид намуда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб шинос шуданд

Июнь 15, 2021 18:08

ДУШАНБЕ, 15.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Кӯлоб аз мавзеъҳои бар асари сел зарардида боздид намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст аз роҳи автомобилгарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 53 боздид ба амал оварда, бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой шинос шуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки оби каналҳои Шӯраксой бо дарозии 6251 метр, Девонасой бо дарозии 6700 метр ва Тебалай бо дарозии 18 700 метр аз ҳудуди ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин, Мӯъминобод ва қисми болоии шаҳри Кӯлоб ҷорӣ гардида, ба пуррагӣ аз дохили маҳаллаҳои аҳолинишини шаҳр мегузарад. Оби каналҳои зикргардида ба дарёчаи Кӯлоб ворид шуда, дар ноҳияи Восеъ бо дарёи Ёхсу якҷоя мешавад. Манбаи асосии оби каналҳои зикршуда барф ва боронҳои мавсимии пуршиддати баҳорон мебошад.

Ёдовар мешавем, ки 11 майи соли равон бинобар боридани зиёди борону жола сел ба вуҷуд омад ва дар натиҷаи офати табиӣ дар кӯча, маҳалла ва деҳоти шаҳр, ҳамагӣ ба 145 хона, аз ин шумора 43 хона пурра, 102 хона қисман ва 606 иншооти ёрирасон хисороти ҷиддӣ расид. Инчунин, 10 адад пул, 4 адад муассисаи таълимӣ ва томактабӣ, 6 километр роҳҳои автомобилгарди кӯчаву маҳаллаҳо, хатҳои интиқоли барқ, 7 зеристгоҳи барқӣ, зиёда аз 13 километр хатҳои обёрии каналҳо, 5 агрегати барқӣ, 128 садяк замини кишти зироат, 128 сар ҳайвони калону майдаи шохдор зарар дид. Маблағи умумии хисороти расида 45,5 миллион сомониро ташкил медиҳад.

То ба имрӯз бо ҷалби техникаҳои зарурӣ дар маҳаллаҳои Хатти роҳ, Даминзода ва маҳаллаи Нонбойи Поён, ки аз офатҳои табиӣ бештар зарар дида буд, корҳои барқарорсозӣ, тоза кардани селобаҳо ва дар умум ба миқдори 5 ҳазор метри мукааб гилу селобаҳо бароварда шуд.

Дар маҳаллаи Фирдавсӣ як адад қубур бо дарозии 14 метр барқарор шуда, дар 182 километрии роҳи Душанбе — Кӯлоб корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Айни ҳол дар маҳалли якҷояшавии каналҳои Девонасой ва Шураксой бо дарозии 1350 метр корҳои заминӣ, оҳану бетонӣ ва барқарорсозии иншооти пасткунандаи суръати об ҷараён дорад.

Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рафти корҳои сохтмонӣ ба коргарон дастуру ҳидоятҳо доданд.

Боздид аз роҳи мошингарди зарардидаи назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53 ва шиносоӣ бо корҳои бартарафсозии офати табиӣ дар канали Девонасой ва маҳаллаи Хатти Роҳи шаҳри Кӯлоб 15.06.2021

Июнь 15, 2021 18:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Москваи Федератсияи Русия сафар намуданд
Суҳбати телефонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд
Суҳбати телефонии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Русия Валентина Матвиенко баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев суҳбати телефонӣ анҷом доданд
Ба муносибати зодрӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, ходимони намоёни давлативу ҷамъиятӣ номаҳои табрикотӣ ворид мегарданд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Марат Хуснулинро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати Шӯрои директорони Бонки Осиёии Рушдро ба ҳузур пазируфтанд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Шоҳигарии Таиланд Паэтонгтарн Чинаватра мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Нишасти сеюми Муколамаи ҳамкории Осиё зери унвони «Дипломатияи варзишӣ» иштирок ва суханронӣ намуданд