Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиëев аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд
ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев дар шаҳри Гулистони вилояти Суғд аз Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Қолинҳои Қайроққум» дидан намуданд.
ҶСК «Қолинҳои Қайроққум » тӯли 60 сол боз фаъолият дошта, бо истеҳсоли қолинҳои гуногунҳаҷму гуногуншакл дар бозори дохил ва хориҷ мавқеи хос дорад.
Нахуст Сарони давлатҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиëев бо фаъолияти хатҳои истеҳсолии корхона шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2018 дар доираи «Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020» аз кишварҳои Белгия, Олмон ва Франсия таҷҳизоти истеҳсоли риштаи полипропилении пати қолин ворид гардида, васлу насб карда шудааст. Дар ин хати истеҳсолӣ 70 нафар, асосан занону духтарони маҳаллӣ фаъолият мекунанд.
Маврид ба зикр аст, ки қаблан ашёи хом барои истеҳсоли қолин ба корхона аз хориҷа ворид карда мешуд ва баъди ба кор андохтани таҷҳизоти нав имкон фароҳам омад, ки истеҳсоли 60 фоизи ашëи хом барои истеҳсоли қолин дар дохил ба роҳ монда шавад. Ин дастовард барои корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» арзишманд аст. Иқтидори хати истеҳсоли ришта дар як моҳ 300 тоннаро ташкил медиҳад. Бо ин иқтидор ҷамъият имкон дорад корхонаҳои дигари истеҳсоли қолинро дар ҷумҳурӣ бо ашёи хом, аз ҷумла ришта таъмин намояд.
Роҳандозӣ намудани истеҳсоли ашёи хом, хоса ришта ба таъмин гардидани кори мунтазами истеҳсолот ва рақобатпазирии маҳсулот дар бозор, коҳиш ёфтани арзиши аслии он, инчунин таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Дар доираи ҳамкориҳои судманди дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон қисман ашëи хом барои истеҳсоли ришта ба корхона аз ин кишвари ҳамсоя ворид карда мешавад.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев иттилоъ дода шуд, ки дар ояндаи наздик содироти маҳсулоти тайëр, яъне қолин аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон роҳандозӣ мегардад. Дар ин самт замина фароҳам оварда шудааст.
Дар сехи бофандагӣ роҳбарони ду давлат бо таҷҳизоти истеҳсолот шинос шуданд. Таҷҳизоти бофандагӣ замонавӣ мебошад. Дар заминаи таваҷҷуҳи бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2013 ин ҷониб ба корхона дастгоҳи муосири тортании ширкати «Мир Макина»-и давлати Туркия, 7 дастгоҳи пешқадамтарини бофандагии ширкати «Ван-де-Вил»-и Белгия, хати экструзионӣ барои истеҳсоли риштаҳо ва дигар таҷҳизоти хатҳои технологии ширкатҳои бонуфузи давлатҳои Олмон, Белгия, Туркия, Франсия, Ҷопон ва Россия ворид карда шуданд.
Агар то даврони соҳибистиқлолӣ ҳосилнокии меҳнати як корманд дар корхона 1384 метри мураббаъро ташкил медод, пас ин нишондод дар ҳоли ҳозир ба зиёда аз 5960 метри мураббаъ баробар шудааст. Тафовут дар ин давра 4,3 маротиба зиёд мебошад.
Ҳаҷми истеҳсолот дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» сол то сол зиëд мегардад. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ дар корхона 957,9 ҳазор метри мураббаъ маҳсулоти қолинӣ истеҳсол карда шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 347,4 ҳазор метри мураббаъ ё 56,9 фоиз зиёд мебошад. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ришта ба 730,21 тонна баробар гардидааст. Ин нишондод дар муқоиса ба соли гузашта 308 тонна ё 72,9 фоиз зиёд мебошад.
Дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев тавассути монитор шароити мавҷудаи биноҳои маъмурию маишӣ барои кормандон муаррифӣ карда шуд. Тавре аëн гардид, биноҳои маъмурию маишӣ аз таъмири пурра бароварда шудаанд ва бо таҷҳизоти навтарин муҷаҳҳаз гардида, беҳтарин шароит барои кор фароҳам оварда шудааст.
Зикр гардид, ки соли 2019 ду автобуси истеҳсоли Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои хизматрасонии кормандон дастрас карда шуд ва ин омил дар пешбурди фаъолияти корхона заминаи мусоид гузошт.
Айни замон дар корхонаи «Қолинҳои Қайроққум» 500 нафар бо ҷои кори доимӣ таъмин мебошанд, ки 47 дарсади онро занҳо ташкил мекунанд.
Иқтидори истеҳсолӣ ва технологияи имрӯзаи корхона имкон медиҳад, ки ҳамаи дархости харидорон новобаста аз дизайн, коллексия ва ё ҳаҷм дар муддати кӯтоҳтарин иҷро карда шавад. Иқтидори истеҳсолии солонаи корхона дар ҳолати имруза 3 миллион метри мураббаъро ташкил медиҳад.
Дар идомаи боздид аз ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев аз намоишгоҳи корхона, ки дар он номгӯи зиëди маҳсулоти тайëр ва ашëи хом барои истеҳсоли қолин ба маъраз гузошта шудааст, боздид ба амал оварда, ба сифати истеҳсолот ва рақобатпазирии он дар бозори дохил ва хориҷи кишвар баҳои баланд доданд. Дар намоишгоҳ номгӯи зиëди қолин бо ҳаҷм, шакл ва тарҳи гуногун ба намоиш гузошта шуд. Имрӯз дар ҶСК «Қолинҳои Қайроққум» зиёда аз 2000 намуд қолин бо нақш, андоза ва тасвирҳои гуногун истеҳсол карда мешавад. Дар қолинҳои нави корхона нақшу нигори миллӣ омехта бо санъати муосир, мавзеъҳои зебо ва ҳайвоноти нодири Тоҷикистон тасвир ëфтаанд. Дар гӯшаи алоҳида қолинҳое ба намоиш гузошта шуданд, ки дар онҳо мавзеъҳои таърихию сайëҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон, инчунин расми шахсиятҳои барҷастаи ду миллати бо ҳам қарин-тоҷику ӯзбек, аз ҷумла Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишер Навоӣ таҷассум ëфтаанд.
Дар ҳамин ҷо ба Сарони давлатҳои ба ҳам дӯсту бародар-Тоҷикистон ва Ӯзбекистон интернет-мағоза ва нуқтаҳои фурӯши қолинҳо намоиш дода шуд. Интернет-мағозаи корхона соли 2020 ташкил гардида, ҳадаф боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонӣ ба харидорон мебошад. Тавассути интернет-мағоза харидорон имкон доранд, осон ва бо нархҳои дастрас қолин интихоб намуда, фармоиш диҳанд ва дар муҳлати кутоҳ дастрас намоянд. Нуқтаҳои фурӯши корхона низ новобаста аз мавзеи ҷойгиршавӣ дорои имконияти васеи интихоби маҳсулот мебошанд.
Сарони давлатҳо-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиëев ба фаъолияти корхона баҳои баланд дода, рушд бахшидани истеҳсолот, васеъ намудани ҳамкориҳо бо кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла боз ҳам густурда намудани ҳамкориҳоро дар самти содироту воридоти маҳсулот байни Тоҷикистону Ӯзбекистон муҳим шумориданд.