«Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он». Дар ин мавзӯъ дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар ноҳияи Дарвоз мулоқот доир гардид
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 31 май бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвоз дар мавзӯи «Ҷаҳонишавӣ ва пайомадҳои хатарбори он» вохӯрии ҳайати гурӯҳи корӣ бо сарбозону афсарон доир гардид. Дар ҷараёни он аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон ба 5 нафар ятими кулл кумаки яквақтина, аз ҷумла либос ва пойафзол, ба қисми сарҳадӣ ба миқдори 1 тонна маводи сӯзишворӣ, як миқдор маводҳои гигенӣ-шустушӯӣ кумак расонида шуд. Ҳамчунин барои 300 нафар сарбозону афсарон хӯроки нисфирӯзӣ ташкил гардида, барномаи фарҳангӣ пешниҳоди иштирокдорони ҳамоиш гардид.
Тавре аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, масъалаҳои асосие, ки дар вохӯрӣ бо афсарону сарбозон мавриди таҳлил қарор гирифтанд, аз ҳифзи сарҳади давлатӣ, зиракии сиёсӣ, таҳкими ваҳдат, сулҳу субот, амният, ҳимояи арзишҳои миллӣ, пешгирии таасубу хурофот ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстию худшиносии миллӣ, хатарҳои раванди ҷаҳонишавӣ, ҷангҳои иттилоотӣ, пешвози сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ ва дигар самтҳои асосии сиёсати Ҳукумати мамлакат иборат буданд.
Раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода дар аввал зарурати баргузории чунин мулоқотро шарҳ дода, таъкид намуд, ки ноҳияи Дарвоз чун минтақаи сарҳадӣ дар зери хавф ва хатарҳои амниятӣ қарор дошта, огоҳиву зиракии афсарону сарбозон ва сокинони ноҳия дар самти пешгирии таҳдидҳои амниятиву фарҳангӣ шарти муҳим ба ҳисоб меравад.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам низ моҳияти масъалаи баррасишавандаро ба ҳозирин эзоҳ дода, гуфт, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол чун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ аз тамоюл ва равандҳои замони муосир дар канор буда наметавонад ва дар радифи дигар кишварҳо ногузир ба таҳдиду хатарҳо рӯ ба рӯ мебошад.
Рудобаи Мукаррам зарурати таҳкими ҳифзи сарҳади давлатӣ, боло бурдани маърифатнокии аҳолӣ, тарбияи наврасону ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ, омӯзиши илму дониш, рушди ҷаҳонбинии дунявӣ ва бо ҳамин васила ташаккул додани худшиносии миллиро дар ниҳоди ҳар як фарди ҷомеа таъкид намуда, аз сарбозону афсарон ва муҳофизони марзу буми кишвар даъват ба амал овард, ки дар ин роҳ кӯшиш ба харҷ дода, бо таҳдиду хатарҳо муборизаи беамон баранд.
Дар идомаи вохӯрӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода баромад карда, нақш ва заҳмату талошҳои ҳомиёни Ватан, хосса муҳофизони марзи давлатиро дар таъмини оромӣ, субот, сулҳ ва ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ намуданд.
-Сарҳадбонони тоҷик то имрӯз бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ ва ҳисси ифтихори миллӣ марзу буми кишварро аз душманон муҳофизат намуда, дар таъмини суботи саросарӣ саҳм гузошта истодаанд, -таъкид намуд номбурда.
Ёдовар мешавем, ки вохӯрии мазкур дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Раиси Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ шудааст, сурат гирифта, ҳайати гурӯҳи кориро — Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳаракати ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон Рудобаи Мукаррам, муовини вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Манучеҳр Шарифзода, ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухалил Ғафурзода, ноиби ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амид Комилбек ва раиси ноҳияи Дарвоз Саидбурҳон Абдураҳмонзода ташкил доданд.
Аксҳо аз Академияи идоракунии давлатии назди Президенти ҶТ










Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар партави ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон ба оилаҳои ниёзманд дар шаҳри Душанбе кумак расонида шуд
Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон конфронс доир шуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Бахшида ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Риояи қонуни танзими ҷашну маросим омили сарфакорӣ ва таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад
Дар ноҳияи Ёвон намоиши ҷойи нави кор баргузор гардид
Масъалаи рушди низоми таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар Тоҷикистон бо Роҳбари Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардид
Ҷаласаи Кумитаи роҳбарикунандаи байниидоравӣ оид ба татбиқи лоиҳаи «Миллати солими Тоҷикистон» баргузор шуд
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ 47 бинои муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ таъмир гардид
ҶОИЗАИ БА НОМИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ. Барои олимони ҷавон дар соли 2026 озмун эълон гардид
Дар Тоҷикистон барои табобати омоси ҷигар усули нав амалӣ шуд






