ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Ишкошим сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия оғоз гардид

Июнь 11, 2021 15:34

ДУШАНБЕ, 11.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари гурӯҳи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба пешвози сазовори  ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ишкошим, директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Иззатулло Саидзода ва раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода  9 июн бо мақсади шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва бунёдкорию ободонӣ аз ноҳияи Ишкошими ВМКБ дидан намуданд.

Дар  ҷараёни  сафар бо мақсади рушди инфрасохтори ноҳия ва беҳтар намудани шароиту имкониятҳои корӣ ба сохтмони бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳия санги асос гузошта шуд.

Гурӯҳи мазкур  бо сокинони ноҳия мулоқот намуда, онҳоро ба ифтихори 24-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, даъват намуданд, ки барои дар сатҳи баланд ва бо дастовардҳои назаррас таҷлил намудани ин ду ҷашни фархундаи миллӣ ҳар кадоме саҳми намоён гузоранд.

Хотиррасон менамоем, ки дар ноҳияи Ишкошим ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 76 иншооти таъйиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ  қарор дода мешавад. Аксари ин иншоот аллакай бунёд шуда, корҳои сохтмонӣ дар иншооти дигар бо маром идома доранд.              

Июнь 11, 2021 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Корҳои омодагӣ ба ҷашни 40-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардиданд
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ як қатор иншооти таъиноти гуногунро дар вилояти Суғд мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд тарабхонаи «Форел Платинум»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи озоди иқтисодии Суғд корхонаи нӯшокиҳои ташнагишикани ҶДММ «Райан»-ро ба истифода доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №70-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич корхонаи коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли афшураи ҶДММ «Витаминҳои Тоҷикистон»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба таври фосилавӣ дар шаҳри Истаравшан 12 иншоотро мавриди истифода қарор доданд