БАРНОМАИ ҶАҲОНИИ ОЗУҚАВОРӢ ОГОҲ МЕКУНАД: Дар асри фаровонӣ ба сокинони 43 кишвари ҷаҳон гуруснагии миқёсан калон таҳдид мекунад

Июнь 23, 2021 12:13

ДУШАНБЕ, 23.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Тақрибан 41 миллион нафар одам дар ҷаҳон дар вартаи ҳалокат аз гуруснагӣ қарор дорад. Хурдтарин такон барои онҳо ба фалокати воқеӣ мубаддал хоҳад шуд. Дар ин бора Барномаи ҷаҳонии озуқаворӣ (БҶО) ҳушдор додааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Кормандони БҶО барои наҷоти одамон амалан ба таври шабонарӯзӣ  кор мекунанд, аммо барои ҳалли ин мушкилот зарур аст, ки таъҷилан 5,5 миллиард доллар ҷамъоварӣ карда шавад.

«Мутаассифона, он лаҳзае, ки мо гуруснагиро эълон мекунем, он вақт бисёд дер хоҳад шуд. Мо бояд ин фалокатро пешгирӣ кунем», — гуфта шудааст дар баёнияи матбуотии БҶО.

Мутобиқи гузориши «Маконҳои гуруснагӣ», ки онро БҶО ва Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ омода ва нашр кардаанд, сокинони Яман ва Судони Ҷанубӣ аллакай ба таври фалокатбор ба камбуди ғизо гирифтор шудаанд. Зиёда аз 5,5 миллион нафар аҳолии минтақаи Тиграи Эфиопия ғизои кофӣ  надоранд. Ва ба зиёда аз 350 ҳазор сокини минтақа хатари марг аз гуруснагӣ таҳдид мекунад — мувофиқи таснифи СММ, ин марҳилаи панҷум ва ниҳоии камчинии ғизо мебошад.

Тибқи иттилои Дафтари СММ оид ба ҳамоҳангсозии масоили башарӣ, гуруснагӣ вақте эълон карда мешавад, ки сатҳи камғизоии шадид аз 20 фоиз зиёд бошад, вақте ки дар як рӯз аз ҷумлаи ҳар 10000 нафар аҳолӣ зиёда аз ду нафар фавт мекунанд ва одамон ба ғизо дастрасӣ надоранд.

Омили асосие, ки боиси гуруснагӣ мешавад, ин — нобаробарӣ аст, ки миллионҳо нафар одамонро ба гирдоби фақр мекашонад. Ин ҳама дар ҷаҳони муосир, ки дар он афзоиши истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ мушоҳида мешавад ва он аз сари тамоми сокинони сайёра зиёдатӣ мекунад, сурат мегирад.

Аксари одамоне, ки ғизои шикамсерӣ надоранд дар Африқо зиндагӣ мекунанд, аммо миқёси гуруснагӣ тақрибан дар ҳама минтақаҳои ҷаҳон, — аз Ховари Миёна то Амрикои Лотин ва ҳавзаи Қариб афзоиш меёбад.

Гуруснагӣ, маъмулан, дар минтақаҳое, ки дастрасии башарӣ маҳдуд аст, дар минтақаҳои ихтилофҳо, ки боиси муҳоҷирати оммавии аҳолӣ мегарданд, эълон карда мешавад.

Ҳоло зиёда аз 41 миллион нафар одамон дар вартаи гуруснагӣ қарор доранд ва ба онҳо хавфи ҳалокат бо сабаби лоғарӣ таҳдид мекунад. Дар 43 давлати ҷаҳон, ба шумули Афғонистон, Венесуэла, Гаити, Гондурас, Ҷумҳурии Конго, Эфиопия, Яман, Зимбабве, Ҷумҳурии Африқои Марказӣ, Судон, Уганда ва Судони Ҷанубӣ вазъияти фоҷиаовар ба вуқӯъ омадааст.

Раҳбари БҶО Дэвид Биасли борҳо ҳушдор додааст, ки ҷаҳон бо шадидтарин бӯҳрони вобаста ба пандемия дар 75 соли охир мувоҷеҳ шудааст.

                    ДАР АКС: Мадагаскар.   АКСИ БҶО/Ф.Ралаихаринони

Июнь 23, 2021 12:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Қаҳрамонони сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ танҳо мардуми шарифу сарбаланди Тоҷикистон мебошанд»
10 АМАЛИ ЗАМИНАСОЗИ СУЛҲУ ВАҲДАТ. Ба истиқболи 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – КАФОЛАТИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Мулоҳизаҳои Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мавзуъ
Эмомалӣ Раҳмон ва Си Ҷинпин оғози парвозҳои мустақими мусофирбарӣ байни Душанбе ва Пекинро рӯйдоди муҳим номиданд
Ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» таҷлил мегардад
Каролин Глейч: «Тоҷикистон сарзамине бо табиати нотакрор аст ва мебояд, ин зебоиро ба тамоми ҷаҳон нишон дод!»
Кирти Вардхан Сингҳ: «Ҳифзи пиряхҳо ҳамбастагӣ, ҳамкории байналмилалӣ ва фаҳмиши муштараки илмиро талаб мекунад»
Кэтрин Рассел, директори иҷроияи ЮНИСЕФ: «Мо мехоҳем, ки садои кӯдакон ва ҷавонон дар сиёсати иқлимӣ шунида шавад»
Ясмин Сиддиқӣ: «Обшавии пиряхҳо танҳо як мушкили муҳити зист нест, ин буҳрони об, ғизо ва рӯзгор аст»
Қоҳир Расулзода Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳоро натиҷагирӣ намуд
Шамс Аббосӣ: «Таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим ва пешбурди донишҳои экологӣ қадамҳои бузург мегузоранд»
Султон Ҷамшед: «ВАО-и Тоҷикистон дар инъикоси кори конфронси сатҳи баланд муваффақ буд»