Барои таҳияи нақшаи идоракунии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Тоҷикистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО омӯзиш баргузор гардид

Июнь 11, 2021 16:44

ДУШАНБЕ, 11.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 7-11 июни соли 2021 бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмато ва бо мусоидати Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо дар шаҳри Душанбе марҳилаи ниҳоии давраи омӯзишӣ барои таҳия ва такмили нақшаи идоракунии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Рӯйхати мероси фарҳангии ҷаҳонӣ ва Рӯйхати муқаддамотии ЮНЕСКО баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вакзорати корҳои хориҷии Тоҷикистон  хабар медиҳад, чорабинии мазкур дар чаҳорчӯби лоиҳаи муштараки ЮНЕСКО ва ИА таҳти унвони «Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон – ҷанбаҳои байналмилалии соли аврупоии мероси фарҳангӣ» барпо карда шуд.

Ҳадаф аз семинари мазкур, ки идомаи як силсила давраҳои омӯзишӣ дар солҳои 2019-2020 мебошад, мусоидат ба мудирони мавзеъҳо ва намояндагони мақомоти маҳаллии вобаста ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ҷиҳати таҳия ва идоракунии нақшаи мавзеъҳо буд.

Ҳамзамон чорабинии мазкур ҷиҳати такмил додани малака ва фаҳмиши мафҳумҳо ва раванди риояи Конвенсияи мероси ҷаҳонӣ, муҳокимаи масъалаҳои мубрам ва мушкилоти кишварҳои узв дар рушди шаҳр ва ҳифзи мерос ва инчунин, густариши ҳамкорӣ миёни коршиносони мерос, мақомот ва ҷомеаҳои маҳаллӣ равона гардида буд.

Зимни чорабинӣ иштирокчиён раванди таҳияи харитаи роҳ барои омодасозии нақшаҳои идоракунии мавзеъҳои мероси фарҳангиро омӯхта, дар қисми амалии он маълумоти заруриро барои таҳияи нақшаҳои идоракунӣ аз худ карданд.

Дар баробари ин, дар ҷараёни омӯзиши ҳамаҷонибаи масъала услубҳои идоракунӣ оид ба дастгирии ҳолати ҳифзи ёдгориҳои таърихии Тоҷикистон муайян карда шуданд.

Июнь 11, 2021 16:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи стратегияи рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон китоби нав рӯнамоӣ гардид
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Байни Тоҷикистон ва Қазоқистон дар самти рушди соҳаи китобдорӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид