Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон доир гардид

Июнь 4, 2021 15:21

ДУШАНБЕ, 04.06.2021/АМИТ «Ховар»/. Афғонистон хостори бунёди бозори саноатӣ дар Тоҷикистон гардидааст.

Вазири саноат ва савдои  Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Нисор Аҳмад Фаизи Ғорианӣ  дар ҳамоиши доираҳои соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон, ки имрӯз дар Душанбе доир гардид, пешниҳод намуд, ки кишвари Афғонистон бо мақсади таҳкими ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ тасмим гирифтааст, дар Тоҷикистон бозори муштараки дӯстӣ бунёд созад, то дар он доираҳои соҳибкорию тоҷирони  ҳар ду кишвари ҳамҷавор тавонанд бо мақсади тавсеаи робитаҳои тиҷоратӣ ва фаровон гардонидани молу маҳсулот фаъолияти густурдаро ба роҳ монанд.

Вазири саноати Афғонистон ба ишора ба таърихи  ҳамкории тиҷоратии ду кишвари ҳамҷавор афзуд, ки бунёди бозори дӯстӣ дар Тоҷикистон бо иштироки тоҷирони афғон на танҳо ба тақвияти робитаҳои тиҷоратӣ, балки он дар эҳёи фарҳанги қадимаи тиҷорат дар ҳошияи Шоҳроҳи бузурги абрешим мусоидат менамояд.

Хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки дар ҳамоиши  соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода, роҳбарони вазорату идораҳои марбутаи Тоҷикистон, доираҳои соҳибкорию тиҷоратии ҳар ду давлат иштирок намуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода изҳор дошт, ки ҳамоиши  соҳибкорони Тоҷикистон ва Афғонистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори  сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади  амалӣ  гардонидани яке аз ҳадафҳои  стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — саноатикунонии босуръати мамлакат, дар амал татбиқ намудани ислоҳоти соҳаи саноат, ҷалби  сармоя,  воридоти таҷҳизоту технология нави замонавӣ, дарёфти шарикони ҳамкор,  ки дар маҷмуъ ба афзоиши табодули мол ва тиҷорати беруна,  иқтидори содиротии мамлакат ва рушди иқтисоди кишвар мусоидат менамояд, доир карда шуд.

Зикр гардид, ки бо мақсади зиёд намудани гардиши молу маҳсулот байни ду давлат соддагардонии раванди барасмиятдарории маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда дар дилхох сохторҳои  марбутаи Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст ва  транзити молу маҳсулот бемамониат сурат мегирад. Ҳамзамон баргузории ҳамоиши  соҳибкорони Тоҷикистону Афғонистон ҷиҳати омӯхтани талаботи бозори истеъмолии ҳар ду давлат бо мақсади дарёфти сармоягузорон барои ташкили корхонаҳои муштарак дар бахши коркарди ашёи хоми маъданӣ ва кишоварзӣ ба манфиат аст.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омода аст, ки дар доираи қонунгузории амалкундаи кишвар барои рушди ҳамкории  иқтисодӣ, хусусан ҷалби сармоя дар тамоми соҳаҳо бо доираҳои соҳибкории Афғонистон ҳамкории мутақобилаи судмандро ба роҳ монда, тақвият бахшад. Байни Тоҷикистон ва Афғонистон Комиссияи байниҳукуматии иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникӣ фаъолият менамояд, ки нақши он дар тақвияти робитаҳои иқтисодии ду кишвар муҳим арзёбӣ мегардад. Ҳамкории ду кишвари ҳамсояро дар соҳаҳои гуногун 85 санади ҳамкории дуҷонибаи байнидавлатӣ ба танзим медарорад.

Бояд тазаккур дод, ки гардиши мол байни Тоҷикистон  ва Афғонистон дар соли 2020 беш аз 70 миллион доллари амрикоиро ташкил дод.Ҷиҳати  густаришу тавсеаи робитаҳои гуногунҷанба миёни минтақаҳои наздисарҳадӣ, аз ҷумла муомилоти тиҷоратӣ, то ба имрӯз байни Тоҷикистон ва Афғонистон шаш пули фаромарзӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳамзамон корҳои сохтмонӣ ҷиҳати бунёди пули ҳафтум дар мавзеи Кокул – Ойхонум вақтҳои наздик оғоз мегардад. Феълан дар сарҳади ду давлат 4 бозори тиҷоратии наздисарҳадӣ- «Тем» /Хоруғ/, «Ишкошим»  /Ишкошим/, «Рузвай» / Дарвоз/ ва «Хумроғӣ» /Ванҷ/ фаъолият менамоянд. Инчунин дар ноҳияҳои наздимарзии Тоҷикистон бо Афғонистон 4 минтақаи озоди иқтисодӣ- «Панҷ», «Кӯлоб», «Данғара» ва «Ишкошим» таъсис дода шудааст. Татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳан байни Тоҷикистон ва Афғонистон, аз ҷумла, бунёди қитъаи роҳи оҳани Ҷалолидини Балхӣ-Панҷи Поён-Шерхон Бандар ба тавсеаи  шабакаи нақлиётиву транзитӣ байни ду кишвар ва дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳамоиш таъкид  гардид, ки Тоҷикистон ва Афғонистон ба ҳайси ду кишварти ҳамҷавор бо мақсади тавсеаи ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ бояд аз тамоми имконоти мавҷуда самаранок истифода намоянд. Зеро байни ду давлат дар бахши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ имкониятҳои фаровони истифоданошуда ҳанӯз зиёд аст.  Дар ин ротсо, пешниҳод гардид, ки бо мақсади  баррасии  мушкилоте, ки дар робитаҳои иқтисодию тиҷоратии ду давлат вуҷуд дорад, бояд Комиссияи махсус ташкил дода шавад.

Дар ҳамоиш имкониятҳои сармоягузории  Тоҷикистон ва Афғонистон муаррифӣ гардиданд. Доираҳои соҳибккории Тоҷикистон ва Афғонистон дар шакли В2В мулоқот анҷом доданд.

Интизор меравад, ки ҳайати соҳибкорони наздик ба 30 нафари Афғонистон, ки дар соҳаҳои гуногуни тиҷорат фаъолият менамоянд, аз баъзе корхонаҳои саноатӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон боздид намуда, бо соҳибкорони тоҷик ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ вохӯрӣ карда, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо хоҳанд расонд.

                                           Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

Июнь 4, 2021 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Соли 2025 ба буҷети давлатӣ аз ҳисоби пардохтҳои гумрукӣ 12 миллиарду 720,1 миллион сомонӣ ворид карда шуд
ҶАМЪБАСТИ НИШАСТҲОИ МАТБУОТӢ. 13 феврал дар якчанд вазорату идора нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Гардиши тиҷорати хориҷии Тоҷикистон ба 10 миллиарду 740 миллион доллар расид
Татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ дар соҳаи энергетика дар Тоҷикистон бо Намояндагии Иттиҳоди Аврупо баррасӣ шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2026 дар Хатлон беш аз 80 корхонаю коргоҳи нави саноатӣ сохта мешавад
Соли 2025 сатҳи таваррум дар ҳудуди поёнии нишондиҳандаи мақсаднок 3,5 фоизро ташкил дод
Пойгоҳи кушодаи рақамии харитасозии миқёси 1:10000 барои ҳудуди Тоҷикистон таъсис дода шуд
Агентии «Тоҷикстандарт» аз фурӯшандагон талаб менамояд, ки ба кӯдакону наврасон нӯшокиҳои руҳафзо нафурӯшанд
Абдураҳмон Абдураҳмонзода: «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ бо мақсади рушди иқтисоди миллӣ қабул гардид»
Қурби расмии сомонӣ соли 2025 нисбат ба доллари амрикоӣ 15,4 фоиз устувор гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар Тоҷикистон қариб 400 корхонаи саноатӣ таъсис дода шуд
Таҳти раёсати муовини Сарвазири Тоҷикистон оид ба пешгирии талафоти неруи барқ ҷаласаи корӣ доир шуд