Дар Истаравшан масъалаи пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19-ро баррасӣ карданд

Июнь 23, 2021 15:35

ДУШАНБЕ, 23.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан  ҷаласаи навбатии Ситоди доимамалкунандаи шаҳрӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 баргузор гардид. Ситоди шаҳрӣ  қарор кард, ки корҳои фаҳмондадиҳӣ  ҷиҳати риояи қойидаҳои беҳдошт дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла бозорҳо, марказҳои калони савдо ва хизматрасонӣ, нақлиёт,  масҷидҳо ва ташкилоту идораҳо пурзӯр карда  ва  аз ҷониби масъулин  дар ин самт назорати қатъӣ ба роҳ монда шавад.

 Тавре аз маркази матбуоти дастгоҳи Раиси шаҳри Истаравшан ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, ҷаласа таҳти раёсати раиси шаҳри Истаравшан, раиси Ситоди доимамалкунандаи шаҳрӣ Адҳам Маъмурзода  бо иштироки роҳбарону масъулони соҳаи тандурустӣ, марказҳои саломатии шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, кормандони дастгоҳи раиси шаҳр, раисони ҷамоатҳои деҳот, кумитаи маҳаллаҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ҷараён гирифт.

Дар ҷаласа нахуст гузориши сартабиби Беморхонаи марказии шаҳр Фарҳод Обидӣ доир ба вазъи пешгирии бемориҳои сироятӣ ва тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ шунида шуд.

Зикр гардид, ки дар шаҳр барои пешгирии интиқолу паҳншавии бемории сироятӣ аз тамоми имкониятҳо истифода бурда шуда, ҷиҳати тақвияти корҳои безараргардонӣ мунтазам чораандешӣ карда мешавад. Бори дигар таъкид карда шуд, ки риояи дастуру талаботи Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемиявӣ ва пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат ҳатмӣ буда, сокинон бояд қойидаҳои беҳдоштиро пурра риоя намоянд.

Ҳамзамон ба масъулин вобаста ба ҷоннок намудани омодагиҳо ба давраи зимистон, захираи маводи доруворӣ, ба роҳ мондани гардиши хона ба хонаи табибон, густариши корҳои фаҳмондадиҳӣ баҳри пешгирии сирояти беморӣ дастуру супоришҳо дода шуд.

Аксҳо аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан

Июнь 23, 2021 15:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад