Дар Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ ба истифода дода шуд

Июнь 25, 2021 11:50

ТУРСУНЗОДА, 25.06.201 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори ҷашни Ваҳдати миллӣ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода бинои нави таълимӣ иборат аз маркази машваратии тестӣ, маркази ҳунаромӯзии истеҳсолӣ  ва синфхонаҳои иловагӣ ба истифода дода шуд.

Дар ифтитоҳи бинои нав раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода, омӯзгорону донишҷӯён ва меҳмонон ширкат намуданд.

Раиси шаҳри Турсунзода Парвиз Акрамзода  зикр кард, ки «дар партави сиёсати маорифпарваронаи муҳтарам Пешвои миллат ҷиҳати омӯзиши илму дониш дар кишвар ба толибилмон имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудааст. Аз ин лиҳоз, арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо-наслҳои замони истиқлолият мебошад».

«Эътимод дорам омӯзгорону донишҷӯёни Коллеҷи омӯзгории шаҳри Турсунзода сазовори боварии муҳтарам Пешвои миллат гардида, ба сатҳу сифати таълим бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, илмро ҳамчун пояи устувори давлат ва ҷомеа дониста, барои рушди пайвастаи он кӯшиш ба харҷ медиҳанд»,- изҳор дошт муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуралӣ Собирзода .

Дар идома як зумра  омӯзгорону донишҷӯён барои саҳми муносиб дар рушди соҳа ва иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсиву ҷамъиятӣ бо ифтихорномаву сипосномаҳои Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва Кумитаи иҷроии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳр сазовор гардиданд.

Дар қисми фарҳангӣ донишҷӯён бо шеъру таронаҳои ватанпарварона ба чорабинӣ ҳусни идона бахшиданд.

Боиси зикр аст, ки дар муассисаи мазкур дар баробари ба таълим фаро гирифтани донишҷӯён, инчунин ҷиҳати омӯзиши касбу ҳунар, алалхусус, дӯзандагӣ шароити мусоид фароҳам оварда шудаст. Дар маркази ҳунаромӯзӣ хонандагон ва омӯзгорон ба дӯхти либоси мактабию корӣ машғул буда, донишҷӯён ва омӯзгорони Коллеҷро бо либоси махсус пурра таъмин менамоянд, инчунин дигар муассисаҳои таълимиро метавонанд, бо либоси мактабӣ таъмин намояд.

Ҳамчунин бо ташаббуси роҳбарияти муассиса заминҳои ҳудуди муассиса аз ҷониби омӯзгорону донишҷӯён босамар истифода гардида, аз маҳсули он ошхонаи Коллеҷ бо як қатор маҳсулоти кишоварзӣ таъмин карда мешавад.

Июнь 25, 2021 11:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» дар 10 моҳ 8 корхонаи саноатӣ фаъолият намудааст
Дар деҳаи Сангпари Ҷамоати деҳоти Зиракии шаҳри Кӯлоб Маркази хизматрасонӣ ва дорухонаи байтории замонавии «Рахш» ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами назарӣ ва амалии фанҳои санъати тасвирӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Деҳаи Хуҷабулоқи ноҳияи Балҷувон соҳиби мактаби замонавӣ гардид
Дар деҳаи Қалъаи Лаби оби ноҳияи Тоҷикобод Маркази фарҳангӣ-фароғатӣ ба истифода дода шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Ваҳдат бинои Маркази ташхиси санитарию эпидемиологӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Чорбоғи шаҳри Панҷакент бинои беморхонаи минтақавӣ сохта мешаванд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Рӯдакӣ Маркази ёрии таъҷилӣ бунёд мегардад
Дар ноҳияи Шаҳритус корҳои созандагиву бунёдкорӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ вусъат меёбанд
Дар ноҳияи Айнӣ бинои нави маъмурии кумитаи идораи замин ва корхонаи давлатии фаръии «Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул» ифтитоҳ ёфт
ВУСЪАТИ БУНЁДИ ИНШООТИ СОҲАИ МАОРИФ. Дар ноҳияи Данғара биноҳои нави 3 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ мавриди истифода қарор дода шуд
Дар арафаи Рӯзи Парчами давлатӣ дар деҳаи Пшихарви ноҳияи Ванҷ бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуд