Дар марказҳои саломатии шаҳри Душанбе маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус COVID-19 бомаром идома дорад
ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Дар тамоми марказҳои саломатии пойтахт гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шудаанд, ки нафарони имконияташон маҳдудро дар манзилҳои истиқоматиашон ба ваксинаи муқобили ин беморӣ фаро мегиранд. Гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 дар мамлакат ройгон буда, ба шаҳрвандон пас аз гирифтани ваксина Гувоҳинома дода мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 25 июн, субҳи барвақт сокинон ҷониби марказҳои саломатии пойтахт раҳсипор гардида, бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур ваксинаи зидди бемории коронавируси нави COVID-19-ро гирифтанд.
Дар Маркази саломатии шаҳрии №13-и пойтахт сокинон дар ин маърака фаъолнокӣ нишон дода, ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта мешаванд.
Тавре масъулини муассисаи номбурда иброз доштанд, мувофиқи нақша бояд дар маркази мазкур ҳудуди 43 156 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шаванд.
Ҳамзамон имрӯз маъракаи иммунизатсия дар Маркази саломатии шаҳрии №6-и пойтахт низ бо иштироки фаъоли сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.
Тавре иттилоъ дода шуд, аллакай дар ҳудуди ноҳияи мазкур нақшаи ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19 фаро гирифтани шахсони аз 60-сола боло пурра иҷро шуда, табибони ин марказ нақша доранд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи фарогирии дигар қишрҳои ноҳияро бо ваксина боз ҳам ҷоннок намоянд.
Тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба коронавирус эмин нигоҳ дорем.
Ёдовар мешавем, ки Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд барои гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.
Хотиррасон мешавем, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19 22 марти соли равон дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид, ки нахуст шуда Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.








Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз аз маҷмааи сайëҳию истироҳатии «Чорчаман» дидан намуданд
Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Дарвоз варзишгоҳи болопӯшидаи «Нури Модар Арена», майдони хурди футбол ва ҳавзи шиновариро мавриди истифода қарор доданд
Рустами Эмомалӣ дар деҳоти Қалъаи Хумби ноҳияи Дарвоз бо фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ-С» ва намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ шинос шуданд
Рустами Эмомалӣ бо сафари корӣ ба ноҳияи Дарвози Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ташриф оварданд
Иҷлосияи ҳафтуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати ҳафтум баргузор мегардад
Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рӯзи Президент дар пойтахт дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил мешавад
Бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба Чин сафар намуд
Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расид
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
Марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ба кор оғоз намуданд
Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадониро зиёрат намуданд






