Дар марказҳои саломатии шаҳри Душанбе маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти коронавирус COVID-19 бомаром идома дорад

Июнь 26, 2021 09:09

ДУШАНБЕ, 26.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  дар шаҳри Душанбе бо мақсади пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории коронавируси нави COVID-19 маъракаи иммунизатсия бар зидди сирояти мазкур  миёни шаҳрвандони аз 18-сола боло оғоз гардид. Дар тамоми марказҳои саломатии пойтахт  гурӯҳҳои сайёр ташкил карда шудаанд, ки нафарони имконияташон маҳдудро дар манзилҳои истиқоматиашон ба ваксинаи муқобили ин беморӣ фаро мегиранд. Гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 дар мамлакат ройгон буда, ба шаҳрвандон пас аз гирифтани ваксина Гувоҳинома дода мешавад.

Тавре аз маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ “Ховар” хабар доданд, 25 июн, субҳи барвақт сокинон ҷониби марказҳои саломатии пойтахт  раҳсипор гардида, бо як ҳисси баланди масъулиятшиносӣ ва саҳмгузорӣ ҷиҳати пешгирии бемории мазкур ваксинаи зидди бемории коронавируси нави COVID-19-ро гирифтанд.

Дар Маркази саломатии шаҳрии №13-и пойтахт сокинон дар ин маърака  фаъолнокӣ нишон дода, ба ваксинатсия зидди бемории мазкур фаро гирифта мешаванд.

Тавре масъулини муассисаи номбурда иброз доштанд, мувофиқи нақша бояд дар маркази мазкур ҳудуди 43 156 нафар шаҳрвандон ба ваксинатсия зидди бемории COVID-19 фаро гирифта шаванд.

Ҳамзамон имрӯз маъракаи иммунизатсия  дар Маркази саломатии шаҳрии №6-и пойтахт низ бо иштироки фаъоли сокинони ноҳияи Исмоили Сомонӣ ҷараён гирифт.

Тавре иттилоъ дода шуд, аллакай дар ҳудуди ноҳияи мазкур нақшаи ба ваксинатсия зидди бемории коронавируси нави COVID-19  фаро гирифтани шахсони аз 60-сола боло пурра иҷро шуда, табибони ин марказ нақша доранд, ки ҷараёни иҷрои нақшаи фарогирии дигар қишрҳои ноҳияро бо ваксина  боз ҳам ҷоннок намоянд.

Тавре мутахассисони соҳа таъкид мекунанд, ягона роҳи эмин мондан аз сирояти коронавируси нави COVID-19 гирифтани ваксинаи зидди бемории мазкур мебошад. Танҳо бо гирифтани ваксина ҳар яки мо метавонем худ ва наздиконамонро аз сироят ёфтан ба коронавирус эмин нигоҳ дорем.

Ёдовар мешавем, ки Шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки дар пойтахти мамлакат — шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, метавонанд  барои  гирифтани ваксинаи зидди бемории COVID-19 ба марказҳои саломатии маҳалли зисти хеш муроҷиат намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки маъракаи иммунизатсия бар зидди бемории коронавируси нави COVID-19   22 марти соли равон  дар Муассисаи давлатии Маҷмааи тандурустии “Истиқлол” миёни кормандони соҳаи тандурустӣ оғоз гардид, ки нахуст шуда Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ва намояндаи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Тоҷикистон Осама Маккави ба ваксинатсия зидди сирояти мазкур фаро гирифта шуданд.

Июнь 26, 2021 09:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии маъюбон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ гузаронида шуд
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ ва роҳпаймоӣ доир шуд
Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ ҳамоиш доир гардид
Пагоҳ бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе роҳпаймоӣ баргузор мегардад
ДУШАНБЕ-ҚАЛБИ ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ. Дар Китобхонаи миллӣ бо иштироки сардабирони 35 нашрияи даврӣ ҳамоиш доир шуд
«Барномаи рушди фаъолияти волонтёрӣ дар шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2027» тасдиқ гардид
«ЭМОМАЛӢ РАҲМОН-РАМЗИ ШИНОХТИ МИЛЛАТ ВА ИФТИХОРИ ҶАВОНОН». Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
«ВОХӮРИИ СЕ НАСЛ». Дар Душанбе вохӯрии собиқадорони ҷангу меҳнат, оилаҳои рӯзгордида ва занону духтарони матинирода доир шуд
Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии беҳтарин шаҳру ноҳия, шаҳраку деҳот, деҳа, маҳалли аҳолинишин ва хонаи истиқоматӣ насиби шаҳри Душанбе гардид
Дар шаҳри Душанбе 45 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ фаъолият менамояд
МУШКИЛОТИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо мақсади рушди ин соҳа ҳамоиш доир шуд
ЭТИКАИ КАСБИИ РОНАНДАГОН. Дар Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1» доир ба риояи қоидаҳои ҳамлу нақли мусофирбарӣ машварат доир гардид