Дар Маркази миллии тестӣ аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) оғоз мегардад
ДУШАНБЕ, 24.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 25 то 29 июни соли равон дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияи намояндагони воситаҳои ахбори омма (ВАО) барои боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна олии касбӣ (ИМД), ки даври асосии он аз 1 то 7 июли соли равон дар 47 маркази имтиҳонӣ доир мегардад, гузаронида мешавад.
Тавре аз маркази матбуоти Маркази миллии тестӣ ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳузури намояндагони ВАО, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Марказ барои боздиди марказҳои имтиҳонӣ аз аккредитатсия гузаштаанд, дар маркази имтиҳонӣ то оғози имтиҳон иҷозат дода мешавад.
Намояндагони ВАО, ки хоҳиши боздид аз марказҳои имтиҳонӣ ва инъикоси иттилоотии раванди ИМД-ро доранд, бояд ба Марказ муроҷиат намоянд. Барои баррасии муроҷиат пешниҳоди маълумоти зерин лозим аст:
— номи пурраи расмии ВАО, ҳудуди паҳншавии маҳсулоти ВАО, шакли нашри иттилоот, даврияти чопи ВАО, адади нашри ВАО, индекси почта ва нишонии редаксияи ВАО, рақами телефони сармуҳаррири ВАО, нишонии почтаи электронӣ;
— ному насаб (пурра)-и намояндаи ВАО, вазифаи ишғолнамуда, рақами шаҳодатномаи хизматӣ, рақами телефони мобилӣ ва нишонии почтаи электронии намояндаи ВАО;
— номи пурраи расмии ВАО/журналисти хориҷӣ, давлат, шаҳодатномаи аккредитатсияи ВАО/журналист дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазифаи ишғолнамудаи намояндаи ВАО, рақами телефони мобилӣ ва почтаи электрониаш.
Ҳамчунин телефонҳо барои тамос: 224 53 68, 224 53 66; 882 20 07 07
E-mail: office@ntc.tj фаъол мебошад.
Ёдовар мешавем, ки 47 марказҳои имтиҳонӣ дар заминаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумии 18 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус ва Хоруғ) ташкил гардиданд.








Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон филми бо истифодаи зеҳни сунъӣ офаридаи коргардони тоҷик соҳиби ҷоизаи миллӣ шуд






