Дар Теҳрон доир ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар СҲШ нишасти матбуотӣ баргузор гардид

Июнь 1, 2021 10:20

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 30 май дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон нишасти матбуотии сафир Низомиддин Зоҳидӣ дар бораи авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ, 2020-2021) бо ҳузури намояндагони воситаҳои ахбори оммаи кишвари маҳалли маъмурият баргузор гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Сафир  изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи раёсати худ дар СҲШ, ки ба 20-солагии таъсисёбии Созмон рост меояд, ҳадафҳои таҳкими дӯстӣ ва ҳамҷавории нек байни давлатҳои узви Созмон, тақвияти сулҳ, амният ва субот дар минтақа, густариши ҳамкорӣ дар ҳавзаҳои тиҷорат, иқтисод ва фарҳанг, такмили заминаи ҳуқуқӣ ва тавсеаи абзорҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмон, таҳкими эътибор ва тақвияти мавқеи байналмилалии Созмони Ҳамкории Шанхайро пайгирӣ мекунад. Дар давраи раёсати Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкории Шанхай баргузории беш аз 100 чорабинӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бештари онҳо дар Тоҷикистон ва бархе низ дар кишварҳои дигари узви созмон бо раёсати  Тоҷикистон баргузор мегарданд.

Дар нишасти хабарӣ таъкид гардид, ки Тоҷикистон дар давраи раёсат дар СҲШ талош мекунад, ки ба тақвияти ҳамкорӣ  дар масъалаи мубориза бо терроризм, ҷудоиталабӣ ва ифротгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводди нашъаовар ва ҷинояткории созмонёфтаи фаромарзӣ, ки аз меҳварҳои аслии фаъолияти Созмон аз замони таъсисаш маҳсуб мешавад, мусоидат намояд  ва ҳамзамон  ҷиҳати   дастёбӣ ба татбиқи ибтикори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Маркази зидди маводди мухаддири СҲШ дар шаҳри Душанбе тадбирҳои лозим биандешад.

Сафир дар идомаи нишаст,  бо ишора ба авлавиятҳои раёсати Тоҷикистон дар самтҳои гуногуни фаъолияти СҲШ, таъкид кард, ки чорабиниҳое, ки дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ баргузор мешаванд, ба  рушду тавсеаи фаъолияти Созмон, таҳкими эътибори он дар арсаи байналмилалӣ, густариши ҳамкории СҲШ бо созмонҳои минтақавии шарик ва дар маҷмӯъ, ба ҳаллу фасли муҳимтарин вазифаҳое, ки имрӯз дар назди СҲШ истодаанд, мусоидат хоҳанд кард.

Баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои узви СҲШ, ки ба раёсати Тоҷикистон дар СҲШ дар солҳои 2020 — 2021 нуқтаи таммат мегузорад, 16-17 сентябри 2021 дар Душанбе дар назар аст.

Дар фарҷоми нишасти хабарӣ Сафири Тоҷикистон ба саволҳои намояндагони васоити ахбори омма посух гуфта, изҳори итминон кард, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ марҳалае муҳим дар рушду тавсеаи ин созмони бонуфузи байналмилалӣ хоҳад буд.

АКСҲО аз ВКХ ҶТ

Июнь 1, 2021 10:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон меояд
Cафири Тоҷикистон бо раиси Бонки марказии Баҳрайн мулоқот намуд
Дар шаҳри Москва машваратҳои байниидоравии Тоҷикистону Русия доир гардиданд
Дар Душанбе муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Амрико баррасӣ гардиданд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Баҳрайн дар бахшҳои гуногун баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон ба Подшоҳи Нидерланд эътимоднома супорид
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори минтақавии Бонки ҷаҳонӣ дар Осиёи Марказӣ Винни Вэй Ванг мулоқот намуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Саммити Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Озарбойҷон иштирок менамоянд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия баргузор мегардад
Тоҷикистон ва Қирғизистон рушди мунтазами муносибатҳои дуҷонибаро таъкид карданд
Сафири Тоҷикистон бо Раиси иҷроии Фонди рушди саудӣ мулоқот намуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд