Дар Тоҷикистон роҳбари намояндагии БАТР иваз шуд

Июнь 29, 2021 11:00

ДУШАНБЕ, 29.06.2021./АМИТ «Ховар»/. Рика Ишӣ раҳбари нави Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) дар Тоҷикистон таъйин шуд (ДАР АКС). Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти БАТР хабар медиҳад.

Намояндаи БАТР аз 1 сентябри соли 2021 ба иҷрои вазифаҳояш шурӯъ мекунад. Иши Айтен дар ин вазифа Айтен Рустамоваро иваз кард, ки сардори минтақавии БАТР дар Тоҷикистон, Қирғизистон ва Туркманистон таъйин шудааст.

Ба гуфтаи намояндаи бонк, ӯ аз бозгашти дубора ба кори худ дар Осиёи Марказӣ хушҳол аст.

“БАТР солҳои охир дар Тоҷикистон хеле фаъол аст ва ба васеъ намудани дастрасӣ ба маблағҳо барои намояндагони бахши хусусӣ, занони соҳибкор ва модернизатсияи инфрасохтори коммуналӣ мусоидат мекунад”, -зикр кард Ишӣ.

Вай изҳори хоҳиш кард, ки малака ва таҷрибаи худро барои тавсеаи ҳамкории бонк ва ҷумҳурӣ истифода намояд.

Ёдовар мешавем, ки Ишӣ фаъолияти худро дар БАТР соли 1997 оғоз кардааст. Вай дар як қатор кишварҳое, ки амалиётҳои бонкӣ сурат мегиранд,  дар вазифаҳои иқтисодчии калон ва иқтисодчии пешбари соҳавӣ кор кардааст.

То таъйиноти нав вай ҳамчун иқтисоддони пешбари минтақавӣ дар Балкани Ғарбӣ кор мекард.

                                  АКСИ: © хадамоти матбуоти БАТР

Июнь 29, 2021 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд