ФУТБОЛ. Дастаи футболи занонаи Тоҷикистон (U-20) қабл аз Чемпионати CAFA-2021 дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамринӣ мегузаронад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи омодагӣ ба Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) дастаи занонаи ҷавонони Тоҷикистон (U-20) таҳти роҳбарии сармураббӣ Илдор Раҳмонов дар Душанбе ҷамъомади таълимиву тамриниро оғоз кард.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ба ин ҷамъомад сармураббӣ 23 бозингар — 3 дарвозабон, 9 ҳимоятгар, 7 нимҳимоятгар ва 4 ҳамлагарро даъват намудааст.
Ёдовар мешавем, ки дар чемпионати CAFA-2021 байни дастаҳои футболи занонаи то 20-сола, ки аз 11 то 17 июн дар Душанбе баргузор мешавад, мунтахаби Тоҷикистон бо Эрон (11 июн), Афғонистон (12 июн), Қирғизистон (14 июн) ва Ӯзбекистон (17 июн) бозӣ анҷом медиҳад. Мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ як давр баргузор мешавад.
Ҳайати дастаи футболи занонаи Тоҷикистон (U-20):
Дарвозабонҳо: Дилноза Нурова («Ҳосилот»), Фараҳноз Холмуродова («Хатлон»), Муниса Гулова («Зебо»);
Ҳимоятгарон: Нисо Абдуллоева, Нилуфар Абдулхайева, Карина Мирзоева, Некубахт Худододова, Шукрона Хоҷаева (ҳама – «Зебонисо»), Гулфайрӯз Ҳазратова («Равшан»), Гузал Юсупова («Бешкент»), Лайло Кучкинова («Зебо»), Дилдора Имомалиева («Панҷшер»);
Нимҳимоятгарон: Сабрина Одинаева, Сайёҳат Раҷабова, Мунира Шарипова (ҳама – «Хатлон»), Сабрина Салимова, Роҳиёна Камолова (ҳар ду – «Ҳосилот»), Мадина Давлатова («Зебонисо»), Дилафрӯз Кучкинова («Панҷшер»);
Ҳамлагарон: Малика Қаюмова («Чашма»), Марҷона Саидова («Зебонисо»), Дилдора Раҳмонова («Конибодом»), Муҳайминаи Гулаҳмад («Хатлон»).
Сармураббӣ – Илдор Раҳмонов.
АКС: ФФТ








Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд






