ФУТБОЛ.Дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 1:0 бар дастаи «Файзканд» ғолиб омад
ДУШАНБЕ, 03.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. 2 июни соли равон дар варзишгоҳҳои мамлакат ду бозии мавқуфмондаи даври ҳафтуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор шуданд. Дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд, ки феълан дар садри ҷадвали чемпионат ҷой дорад, дар бозии хонагӣ бар дастаи футболи «Файзканд»-и ноҳияи Восеъ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Ягона голро дар дақиқаҳои охири дидор Эҳсон Бобоев ба нишон расонид.
Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бозии дигар миёни дастаҳои футболи КМВА-и шаҳри Душанбе бо «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо ҳисоби мусовӣ 3:3 анҷом ёфт. Голҳои дастаи КМВА-ро Шервонӣ Мабатшоев, Комрони Мирзохон, Элчибек Рашидбеков ва аз дастаи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб Эффаҳ Кингслей Осей, Далер Шомуродов ва Саидамири Саидаҳмад тӯбро ба дарвозаи ҳариф заданд.
Ёдовар мешавем, ки 6 июни соли равон боз ду бозии дигари мавқуфмонда ба нақша гирифта шудааст. Дар ин рӯз дастаи футболи «Эсхата»-и шаҳри Хуҷанд бо дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд (бозии мавқуфмондаи даври ҳаштум) ва дастаҳои футболи «Равшан»-и шаҳри Кӯлоб бо «Кӯктош»-и ноҳияи Рӯдакӣ (бозии мавқуфмондаи даври нуҳум) вомехӯранд. Ба ғайр аз ин чор бозӣ, боз шаш бозии дигари марҳилаи якуми Чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои лигаи олӣ баргузор нашудаанд. Ҳоло дастаи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд бо дарёфти 16 имтиёз дар садри ҷадвали Лигаи олӣ ҷой дорад.
|
ДАСТАҲО |
Б | Ғ | М | Б | ТЗ | ТХ | ФТ | Х | |
| 1. | «Хуҷанд» (ХУҶАНД) | 7 | 5 | 1 | 1 | 15 | 5 | +10 | 16 |
| 2. | «Хатлон» (БОХТАР) | 8 | 3 | 3 | 2 | 9 | 7 | +2 | 12 |
| 3. | «Файзканд» (ВОСЕЪ) | 8 | 3 | 3 | 2 | 8 | 7 | +1 | 12 |
| 4. | «Эсхата» (ХУҶАНД) | 8 | 3 | 2 | 3 | 13 | 12 | +1 | 11 |
| 5. | «Кӯктош» (РӮДАКӢ) | 8 | 3 | 2 | 3 | 10 | 14 | -4 | 11 |
| 6. | «Душанбе» (ДУШАНБЕ) | 8 | 2 | 3 | 3 | 13 | 16 | -3 | 9 |
| 7. | «Истаравшан» | 8 | 2 | 3 | 3 | 8 | 9 | -1 | 9 |
| 8. | «Истиқлол» (ДУШАНБЕ) | 3 | 2 | 1 | 0 | 4 | 1 | +3 | 7 |
| 9. | КМВА (ДУШАНБЕ) | 9 | 1 | 3 | 5 | 9 | 15 | -6 | 6 |
| 10. | «Равшан» (КӮЛОБ) | 7 | 1 | 3 | 3 | 8 | 11 | -3 | 6 |
Акс аз ФФТ








Саидмуъмини Шарифзод Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар ноҳияи Рӯдакиро соҳиб гардид
Бозиҳои Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ дар Арабистони Саудӣ баргузор мегарданд
БОЗИҲОИ 4-УМИ ОЛИМПИИ НАВРАСОН. Пойтахти Сенегал – шаҳри Дакар бозиҳоро мизбонӣ мекунад
ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОНИИ ҶУДО-2026. Боку мизбони мусобиқаи муҳими давраи нави олимпӣ мешавад
CAFA. Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) тими Қирғизистонро мағлуб намуд
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА БОКС. Миҷгона Самадова ва Некрӯз Салимов соҳиби медалҳои биринҷӣ шуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар шаҳри Анталияи Туркия Форуми 8-уми Этноспорт баргузор гардид
«ҶОМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ». Дар пойтахт Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштингирӣ баргузор гардид
Паралимпичиёни тоҷик бо дастовардҳои бузурги варзишӣ ба Ватан баргаштанд
ФУТБОЛ. Имрӯз Чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи якум оғоз мешавад






