ФУТБОЛ. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои анҷом додани бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 ба шаҳри Осакаи Япония сафар кард

Июнь 4, 2021 11:22

ДУШАНБЕ, 04.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Шоми дирӯз,  дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол   барои анҷом додани бозиҳои интихобии Ҷоми ҷаҳон- 2022 дар гурӯҳи «F» бо дастаҳои мунтахаби Япония  (7 июн) ва Мянма (15 июн) ба шаҳри Осакаи Япония  сафар кард. Дар ин бора шореҳи варзиши АМИТ «Ховар» Меҳрони Қурбон бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Мавриди зикр аст, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии сармураббӣ Усмон Тошев 24 бозингар — 3 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 9 нимҳимоятгар ва 5 ҳамлагар ба шаҳри Осака омаданд. Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби Тоҷикистон бозии навбатии худро дар мусобиқаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар гурӯҳи «F»  рӯзи  7 июн бо дастаи мунтахаби  Ҷопон анҷом медиҳад. Ин рақобати ҷолиб дар варзишгоҳи «Panasonic Suita», соати 15:30 бо вақти Душанбе баргузор мешавад.

Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои рақобатҳои интихобии Ҷоми Ҷаҳон-2022 бар зидди тимҳои миллии Япония  (7 июн) ва Мянма (15 июн):

Дарвозабонҳо: Рустам Ятимов, Муҳриддин Ҳасанов (ҳарду – «Истиқлол»), Шоҳрух Қирғизбоев («Кӯктош»);

Дифоъгарон: Давронҷон Эргашев («Бунёдкор», Ӯзбекистон), Табрези Давлатмир («Нарва Транс», Эстония), Аҳтам Назаров, Ваҳдат Ҳанонов, Манучеҳр Сафаров, Зоир Ҷурабоев (ҳама – «Истиқлол»), Алиҷон Кароматуллозода (КМВА);

Нимҳимоятгарон: Парвизҷон Умарбоев («Локомотив», Болгария), Комрон Турсунов («ТРАУ», Ҳиндустон), Эҳсони Панҷшанбе («Навбаҳор», Ӯзбекистон), Муҳаммаҷон Раҳимов, Ислом Зоиров (ҳарду – «Истиқлол»), Илҳомҷон Баротов («Истаравшан»), Абдулмумин Забиров («Хуҷанд»), Хусрав Тоиров («Динамо», Душанбе), Алиҷони Айнӣ (озод);

Ҳамлаварон: Шериддин Бобоев («Пенанг», Малайзия), Шаҳром Самиев («Динамо-Авто», Молдова), Манучеҳр Ҷалилов, Рустам Соиров (ҳарду – «Истиқлол»), Нуриддин Ҳамроқулов («Хатлон»).

Сармураббӣ – Усмон Тошев (Ӯзбекистон).

Июнь 4, 2021 11:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагӣ ба мусобиқаи «Кing’s Сup 2026»-ро оғоз кард
Паҳлавонони тоҷик аз Чемпионати ҷаҳон оид ба самбо бо шаш медали ифтихорӣ бармегарданд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Кот-д’Ивуар мусовӣ бозӣ намуд
Президенти Кумитаи миллии паралимпии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи байналмилалии паралимпӣ иштирок намуд
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бозии дӯстонаи якумро бо дастаи Узбекистон анҷом дод
Ҷоми Осиё-2027 оид ба футбол аз моҳи декабри соли 2027 то январи 2028 доир мешавад
Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои иштирок дар Мусобиқаи «Кing’s Сup-2026» муайян шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон дар Дубай се бозии дӯстона анҷом медиҳад
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд
Шурои мураббиёни ФФТ натиҷаи фаъолияти дастаҳоро ҷамъбаст ва нақшаҳои соли 2027-ро баррасӣ намуд
Варзишгари тоҷик Фатҳулло Одинаев дар марафони байналмилалии Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳафт паҳлавони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини кураш дар Қазоқистон иштирок менамоянд