Гулчеҳра Қоҳирова: «Иштироки Тоҷикистон дар баргузории Рӯзи астероидҳо барои баланд бардоштани эътибори кишвар дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аҳамияти калон дорад»
ДУШАНБЕ, 30.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳар сол 30 июн ситорашиносони ҷаҳон Рӯзи астероидҳоро ҷашн мегиранд. Санаи мазкур бо қарори Ассамблеяи Генералии СММ 6 декабри соли 2016 эълон шуда буд. Ҳадафи баргузории он — баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳли ҷомеаи ҷаҳон дар бораи хатари бархӯрд бо астероидҳо мебошад. Ҳар рӯз зиёда аз 100 тонна маводи кайҳонӣ аз боқимондаҳои астероидҳо ва кометаҳо ва «хокрӯбаҳо» -и гуногуни кайҳонӣ ба Замин фурӯ мерезанд. Аксари ин ҷисмҳо ҳанӯз дар атмосфера тахриб мешаванд. Рӯзи байналмилалии астероидҳо -чорабинии умумиҷаҳонӣ аст, ки ба паҳн кардани иттилоот дар бораи астероидҳо ва дигар ҷисмҳои кайҳонӣ, хатаре, ки бархӯрд бо онҳо метавонад ба бор биоварад ва мо барои ҳифзи сайёраи худ чӣ кор карда метавонем, нигаронида шудааст.
Тавре директори Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова зимни мусоҳиба бо хабарнигори АМИТ «Ховар» зикр кард, иштироки Тоҷикистон дар таҷлили Рӯзи астероидҳо барои оммавигардонии донишҳои астрономӣ дар байни мактаббачагон, донишҷӯён ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти калон дорад. “Илова бар ин, нуфузи Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун ноқили ташаббусҳои осоиштаи шаҳрвандии СММ меафзояд”, — таъкид кард мусоҳиб.
Ба гуфтаи вай, дар робита бо ин сана Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи Академияи миллии Тоҷикистон 29 июн дар бинои пажӯҳишгоҳ ва Расадхонаи астрономии Ҳисор мизи мудаввар баргузор намуд.
Тавре роҳбари пажӯҳишгоҳи илмӣ шарҳ дод, дар мизи мудаввар олимон, донишҷӯёни донишгоҳҳо ва дӯстдорони астрономия фаъолона ширкат варзиданд.
Олимони Пажӯҳишгоҳи астрофизикаи АМИТ бо муаррифиҳои илмӣ — оммавӣ баромад карданд, маърӯзаҳо намуда, рӯйдодҳои гуногуни астрономиро шарҳ доданд. Қисми дуюми чорабинӣ дар Расадхонаи астрономии Ҳисор баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ва ҳаводорони астрономия бо телескопҳо ва панорамаи расадхона шинос шуданд.
“Аз тариқи ин кори тавзеҳотӣ оид ба донишҳои астрономӣ дар байни донишҷӯён ва дӯстдорони астрономия обрӯи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ бо мақсадҳои осоишта барои ташаббусҳои шаҳрвандии Созмони Милали Муттаҳид баланд бардошта шуд. Чорабиниҳо ба муносибати Рӯзи астероидҳо дар Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи байналмилалии илмӣ дар сатҳи баланд арзёбӣ шуданд”, — гуфт дар хотима Гулчеҳра Қоҳирова.
АКС: Пажӯҳишгоҳи астрофизики АМИ ҶТ








Ҷаласаи Шурои директорони киностудияҳои кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Имрӯз даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз мегардад
Радиои «Ҳисори Шодмон» расман ба фаъолият шуруъ намуд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» шинос шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон толори Сомониён пас аз навсозӣ ифтитоҳ гардид
РӮЗҲОИ СИНАМОИ ҚИРҒИЗИСТОН. Дар кинотеатри «Наврӯз»-и Душанбе се филми қирғизӣ ба намоиш гузошта мешавад
«ШОҲИ ТАОМҲО». Фестивали «Оши палав» ва Намоиш-фурӯши шолӣ ва биринҷ бо шукӯҳу шаҳомати хос доир гардид
«ОМАД ХУҶАСТА МЕҲРГОН, ҶАШНИ БУЗУРГИ ХУСРАВОН!». Дар Душанбе Иди Меҳргон таҷлил гардид
Президенти Тоҷикистон: «Меҳргон бояд ба омили рушди фарҳанг, сайёҳӣ ва иқтисоди миллӣ табдил дода шавад»
МЕҲРГОН-ҶАШНИ БАРАКАТУ ФАРОВОНӢ ВА МЕҲРУБОНӢ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Форуми байналмилалии «Ҳамкории муштараки киносозону продюсерон» ва нишасти матбуотӣ баргузор гардид
«ЗАБОНИ МО – ҶАҲОНИ МО». Анҷумани сеюми забоншиносони давлатҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг доир шуд






