«ҲХДТ – ПУШТИБОНИ КӮДАКОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуданд
ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ва 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №64-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барномаи фарҳангӣ таҳти унвони «ҲХДТ – пуштибони кӯдакон» баргузор шуд. Ба тарбиятгирандагони кӯдакистони мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳар гуна бозичаҳо ва шириниҳо тақдим гардид.
Тавре аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар баробари барномаи фарҳангӣ, миёни таълимгирандагони кӯдакистони мазкур ҳамчунин озмунҳои расомӣ ва шашкаю шоҳмот гузаронида шуд, ки ба тантанаҳои идона шукӯҳи тоза бахшид.
Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исоқӣ иброз дошт, ки «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем». қайд намуданд, ки ҳамасола ин сана дар миёни мардуми мо бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад”.
-Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон пайваста талош меварзад. Яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба тасвиб расонида буд-ин Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад,- афзуд Ҳусния Исоқӣ.
Дар ҷамъомади идона таъкид гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки «…кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».
Чунин барномаҳои фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт дар дигар муассисаҳо идома доранд.













Дар Минск ҷаласаи Комиссия оид ба ҳуқуқи инсони ИДМ баргузор гардид
ҲУНАР ОМӮЗ! Дар Тоҷикистон беш аз 77 ҳазор наврасон ба муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷалб гардидаанд
Дар Литсейи касбии техникии саноати насcоҷии Душанбе Маркази минтақавии омӯзишӣ оид ба ғизои мактабӣ ба истифода дода шуд
«ҲУНАРМАНДИ СОЛ-2026». Даври ҷумҳуриявии озмун ҷамъбаст гардид
Роҳбари намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон Габриэл Акимова: «Тоҷикистон як гавҳари ниҳон аст»
Дар Хадамоти иҷро масъалаи рақамикунонӣ ва тақвияти ҳамкории байниидоравӣ дар шароити муосир баррасӣ гардид
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҷаласаи ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба зимистонгузаронӣ доир шуд
Форуми миллии комиссияҳо оид ба ҳуқуқи кӯдак баргузор гардид
Байни Тоҷикистону Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Таҷрибаи рушди маҳал ва маорифи Тоҷикистон дар форуми Москва муаррифӣ карда шуд
Дар Душанбе 16-умин Муколамаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳуқуқи инсон доир шуд
ОГОҲӢ! Аз 27 то 29 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд






