«ҲХДТ – ПУШТИБОНИ КӮДАКОН». Таҳти ин унвон дар Душанбе барномаҳои фарҳангӣ баргузор шуданд

Июнь 1, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 01.06.2021 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ва 30 -солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №64-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе барномаи  фарҳангӣ таҳти унвони «ҲХДТ – пуштибони кӯдакон» баргузор шуд. Ба тарбиятгирандагони кӯдакистони мазкур аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳар гуна бозичаҳо ва шириниҳо тақдим гардид.

Тавре аз КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, дар баробари барномаи фарҳангӣ, миёни таълимгирандагони кӯдакистони мазкур ҳамчунин  озмунҳои расомӣ ва шашкаю шоҳмот  гузаронида шуд, ки ба тантанаҳои идона шукӯҳи тоза бахшид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок ва суханронӣ намуданд. Аз ҷумла, муовини раиси КИ  ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Ҳусния Исоқӣ иброз дошт, ки  «ин сана солҳост, ки дар миёни мардуми мо ҳамчун яке аз рӯзҳои муҳим маҳбубияти хосса дорад. Ин  санаи муқаддас моро водор менамояд, ки барои саломатӣ, тарбияи маънавии кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароити мусоиди таълиму тарбияи онҳо дар оила ва мактаб, инкишофи эҷодиёти бачагон ва тайёр намудани онҳо ба зиндагии оянда кӯшиш намоем. Мо онҳоро бояд дӯст дорем ва меҳру муҳаббати худро дар вуҷуди поку беолоиши онҳо ҷой диҳем». қайд намуданд, ки ҳамасола ин сана дар миёни мардуми мо бо як шукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешавад”.

-Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои кӯдакон пайваста талош меварзад. Яке аз аввалин санадҳои байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993 ба тасвиб расонида буд-ин Конвенсияи Созмони Милали Мутаҳҳид «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» мебошад,- афзуд Ҳусния Исоқӣ.

Дар ҷамъомади идона таъкид гардид, ки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид  менамоянд, ки «…кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Зеро ба дунё омадани тифл дар ҳар як оила хушбахтиву иқболи нек меорад ва чун зангӯлаи идомаи ҳаёт садо медиҳад».

Чунин барномаҳои фарҳангӣ  бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии муҳофизати кӯдакон аз ҷониби сохторҳои ҳизбии пойтахт дар дигар муассисаҳо идома доранд.

Июнь 1, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст
Дар дарёи Ёхсу корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ҷараён доранд
Огоҳӣ! Дар Тоҷикистон ҳавои гарму хушк пешгӯӣ мешавад
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони Созмони ҳамкории иқтисодӣ иштирок намуданд
Дар моҳи дуюми тобистон Тоҷикистонро чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ конфронс доир намуд
Дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд