ИСТИҚЛОЛИЯТ РАМЗИ СОҲИБДАВЛАТӢ ВА ВАТАНДОРӢ АСТ. Андешаҳои генерал майори милитсия Маҳмасаид Саидзода
ДУШАНБЕ, 18.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Истиқлолият неъмати бебаҳо ва ниҳоят пурарзишест, ки халқи тоҷикро соҳиби комилҳуқуқи сарнавишти хеш намуд ва ҷомеаи мо ҳамчун давлати демократӣ ба раванди умумии таърихи аҳли башар ворид гардид. Вақте, ки ин суханҳоро ба забон меорем, ҳар яки моро муҳаббати бузурги ватандорию ватандӯстӣ ва ҳисси баланди ифтихори миллӣ фаро мегирад.
Андешаҳои сардори РВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт, генерал майори милитсия Маҳмасаид Саидзода ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ манзури хонандагон мегардад.
-Агарчӣ миллати соҳибфарҳанги тоҷик, ҳамчун як миллати соҳибдавлат ва тамаддунофар дар давраҳои гуногуни мавҷудияти таърихии худ андешаи истиқлолхоҳӣ доштанд, зидди тохтутозҳои бегонагон ва носозгориҳои бешумори замон мубориза бурда, ваҳдат ва арзишҳои зиндагии худро ҳифз карда, ба наслҳои баъдӣ мерос гузоштанд.
Хушбахтона 9 сентябри соли 1991 дар ҷаласаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул карда шуд, ки ба гардиши рӯзгору таъриху сарнавишти мардум тағийроти куллиеро ворид намуд. Инак ҳамасола ин рӯз ҳамчун рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил мегардад. Аз он санаи таърихӣ, ҳамакнун 30 сол пушти сар мегардад. 30 соле, ки на танҳо ҳар солаш, балки ҳар соату ҳар рӯзаш дар саҳфаҳои китоби Тоҷикистони ҷавон, вале куҳантаърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидаасту намунаи хуби омӯзиши таҷриба ба шумор меравад.
Тавре коршиносон ва соҳибназарон изҳор медоранд, Истиқлолияти давлатӣ дастоварди бузург дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошад. «Истиқлолият» мафҳуми арзишманд ва дар навбати худ калидие мебошанд, ки ноил гардидан ба он шарафи бузург барои ҳар як миллат аст. Истиқлолияти давлатӣ ба он мусоидат намуд, ки рушди босубот дар кишвар таъмин гардад, сатҳи некуаҳволии аҳли ҷомеа беҳтар шавад ва натиҷаҳои бузург дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба даст оварда шаванд.
Аз замоне, ки Тоҷикистони мо истиқлоли миллиро ба даст овард, тавре зикр кардем, инак 30 сол сипарӣ мешавад. Агарчӣ дар оғоз рӯзгори мардум пурталотум, пурзаҳмат ва пур аз душворию нокомиҳо буд, аммо баъдтар аз комёбиҳои назаррас саршор гардиду пешрафтҳои бузурге ба миён омад. Аксари коршиносон бар ин назаранд, ки агар Тоҷикистон дар қадамҳои авали истиқлолият ба нобарорӣ рӯ ба рӯ намешуд, шояд муваффақиятҳо бештар мебуданду мушкилоти иқтисоди камтар. Аммо бо вуҷуди он ҳама руйдодҳои нобасомон мардуми сарбаланди тоҷик бо хиради азалӣ ва талошҳои фарзонафарзандони миллат, сангинтарин рӯзҳоро пушти сар карданд ва зина ба зина бо бартараф намудани мушкилот, ба комёбиҳо ноил гардиданд. Дар солҳои сипаришудаи Истиқлоли миллӣ мо тавонистем сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, заминаҳои гузариши нави низоми сиёсиву иктисодӣ, иҷтимоиву фархангӣ ва бунёди таҳкурсии давлати соҳибистиклоли тоҷиконро ба даст орем. Бо вуҷуди ҳама мушкилоти ҷойдошта тавонистем пайванди ҷомеаи худро бо ҷаҳони мутамаддини муосир, ки ҷавҳар ва асли онро низоми демократӣ ташкил медиҳад, таъмин намоем.
Истиқлолият барои мардуми куҳанбунёду соҳибфарҳанги тоҷик, дастоварди бузургу муқаддас ба ҳисоб меравад, ҳамин аст, ки ин руйдоди бузургро бо эҳсоси ифтихору сарфарози ҷашн мегирем. Истиклоли давлатӣ барои миллати тамаддунсози мо падидаи бемислу боазамати таърихиест, ки силсилаи воқеаҳои сарнавиштсозро дар бар мегирад. Қабл аз хама дарк бояд кард, ки истиқлолият волотарин ва боарзиштарин дастоварди миллати тоҷик дар масири даҳ асри охир мебошад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандориии миллати сарбаланду хирадпешаи тоҷик мебошад. Ҳамин аст, ки ин падидаро нишонаи ҳувият ва озодӣ, ифтихор ва номус, рамзи саодат ва бақои миллати соҳибихтиёру соҳибдавлати тоҷик мебошад.
Агар ба таърихи даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон назар афканем, мебинем, ки дар ин муддат тамоми соҳаҳои ҷомеа марҳила ба марҳила рӯ ба рушд ниҳоданд ва муҳимтарин ҳадафҳои миллию стратегӣ бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, барои кишвар имконият фароҳам оварданд, ки вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар таҳким ёбанд ва такони ҷиддие дар сатҳи некуаҳволии ҷомеа ба амал ояд. Ҳамин нуктаро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 сентябри соли 2020 дар ҷараёни пешниҳоди Паёми шодбошӣ ба ифтихори 29-умин солгарди истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ишора намудаанд: «Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки ҳамаи ин корҳоро мо ба хотири беҳтар намудани шароити зиндагии халқи шарафманди тоҷик ва баланд бардоштани мақоми Тоҷикистон дар байни ҷомеаи башарӣ анҷом додем. Ва ҳамин ҳисси баланди масъулият дар назди таърихи миллати тоҷик ва тақдири имрӯзу ояндаи халқи Тоҷикистон ҳар яки моро водор месозад, ки истиқлолу озодии давлатамон, яъне муқаддастарин ва бузургтарин неъмати зиндагиамонро бо тамоми ҳастӣ ҳифз кунем, ҳушёру зирак бошем, дар ғафлат намонем, заҳмат кашем ва қарзи фарзандии худро дар назди Ватани азизамон ба ҷой орем. Дар баробари ин, мо вазифадорем, ки ба наврасону ҷавонон – насли ояндасози халқамон таърихи пуршебу фарози миллат ва таҷрибаи душвори бунёд кардани давлати миллиро омӯзонем ва дар зеҳну шуури онҳо ҳисси баланди миллӣ, ифтихори ватандорӣ, муҳаббат ба Ватан ва садоқат ба давлатро таҳкиму тақвият бахшем. Сабақи дигари даврони соҳибистиқлолӣ ин аст, ки нияту орзуҳои ҳар як фарди ҷомеа ва нақшаву барномаҳои созандаи Ҳукумати мамлакат танҳо дар сурати соҳиби Ватани озоду соҳибихтиёр, давлати нерӯманду устувор будани мо, инчунин, дар шароити сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ амалӣ мегарданд».
Дар воқеъ чунин масъалгузориҳо ва таъкидҳо пайваста аз ҳар як шаҳрванди худогоҳи кишвар талаб мекунад, ки то чӣ андоза муҳим будани истиқлолу озодӣ, давлати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро амиқан дарк намояд ва барои таҳкиму тақвият бахшидани низоми давлатдории демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ, ки бо майлу иродаи халқи Тоҷикистон интихоб шудааст, саҳми ватандӯстонаи хешро гузорад.
Мушоҳидаҳо бозгӯи онанд, ки тайи чанд соли охир ва хусусан дар ин соли таърихи барои Тоҷикистон, мардуми бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарасти тоҷик барои истиқболи сазовори ҷашни муқаддасу бузурги умумимиллӣ — сисолагии истиқлоли давлатӣ тамоми қаламрави кишварро ба майдони бузурги заҳмати созанда ва фаъолияти бунёдгарона табдил додаанд ва ҳамарӯз аз ин ё он гӯшаи диёр, паёми неки бунёдкорию созандагӣ мерасад.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ба раванди тозакорию созандагиҳо ва бунёду азнавсозӣ дар ҳама бахшу соҳаҳо пешниҳоди барномаҳои дар ибтидо се ҳадафӣ стратегӣ — «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар» ва «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» такони ҷиддӣ бахшид. Ҳадафи чоруми миллӣ ин «саноатикунонии босуръати кишвар» низ пайванди се ҳадафи зикргардида буд, ки муҳайё намудани заминаҳои воқеӣ дар мамлакат оид ба рушди дигар соҳаҳо, аз ҷумла ба баланд бардоштани иқтисодиёт таъсири мусбат расонид. Ҳамин аст, ки рушди иқтисодии кишварро омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият меҳисобанд. Бо дар назардошти ин омилҳо дар минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ корхонаҳои нав бунёд гардиданд ва ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд омаданд, ки ин боиси рушди ин ё он маҳал ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии аҳли ҷомеа шуд. Дар атрофи ин чор ҳадафи умумимиллӣ корҳои бузургу созандае то имрӯз ба сомон расиданд ва ҳатто мо имрӯзҳо аз бунбасти коммуникатсионӣ берун шудем, амнияти озуқавории кишвар таъмин гардид ва истиқлолияти энергетикӣ ба даст оварда шуд.
Дар воқеъ раванди навини таърих дар охирҳои асри ХХ ва ибтидои асри ХХI бар дӯши давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон вазифаҳои басо мураккаб, масъулиятнок ва вазнин гузошт. Дар тӯли ин солҳо мардуми тоҷик давлатдории навини худро заминагузорӣ намуда, соҳиби истиқлолияти воқеии сиёсӣ гардид ва ҳамчун субъекти комилҳуқуқи байналмилалӣ эътироф шуд. Маҳз истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун давлати мустаъқил эътироф гардад.
Тавре Пешвои миллат 20 сол муқаддам зимни суханронии худ ба ифтихори 10-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон 8 сентябри соли 2001-ум изҳор доштанд: «Истиқлолият шиносномаи ҳастии давлати комилҳуқук ва соҳибихтиёри тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонист, ки низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш мебарад. Истиқлолият рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории миллати сарбаланду мутамаддини тоҷик аст, ки номаи тақдирашро бо дасти хеш навишта, роҳу равиши хоса ва мақому мавқеи муносиберо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ пайдо карда, набзи давлату миллати моро бо набзи сайёра ҳамсадо месозад».
Дар воқеъ ҳамин Истиқлолияти давлатӣ замина фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари сиёсати дохилии кишвар, ҳамзамон сиёсати хориҷии худро такмил диҳад ва бо аксар давлатҳои хориҷӣ муносибатҳои хуби ҳамкориро дар бахши сиёсату иқтисод, тиҷорату энергетика, нақлиёт, алоқа, кишоварзӣ, ҷавонон, саноат ва амният ба роҳ монад. Дар ин ҷо метавон аз «сиёсати дарҳои боз», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, ёдовар шуд. Тавассути ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ шуд, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ бештар устувор созад.
Падидаи муҳим ва фарҳабахши дигар, ки бо шарофати соҳибистиқлолии Тоҷикистон, сиёсати хориҷии онро боз ҳам бештар такони мусбат бахшид, ин пешниҳодҳои саривақтию ҳадафмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар сатҳи байналмилалӣ вобаста ба масоили об мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки то кунун дар ин самт чор пешниҳод аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, хусусан созмони бонуфӯзи олам СММ ҷонибдорӣ гардидааст. Ҳатто СММ онҳоро дастгирӣ ва доир ба онҳо қатъномаҳо қабул намуд, ки ин боз ҳам мавқеи Тоҷикистонро дар асраи байналмилалӣ боло бурд.
Соли байналмилалии оби тоза, соли 2003, Даҳсолаи амалиёти байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005-2015, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 ва Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ташаббуси чорум, ин Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 22 марти соли 2018 оғоз гардид. Ба ин муносибат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми СММ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки масъалаи об ва таъмини он яке аз масъалаҳои муҳими инсоният ба шумор рафта, фаъолияти дастҷамъона ва муносибати ҷиддиро тақозо менамояд. Дар ин баробар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ доир ба масъалаҳои муҳими ҷаҳони муосир ҷиҳати роҳи ҳалли онҳо пешниҳодҳо манфитабахш ироа карда, мавқеи худро муайян менамояд.
Ҳамин тариқ Истиқлолити давлатӣ нишони барҷастаи пойдории давлат, бақо ва симои миллат, рамзи ҳувияти миллӣ, машъали фурӯзони ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ ва шарафу эътибори ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистон мебошад.
Акнун имрӯзҳои мардуми сарбаланди Тоҷикистон ба ҳадафҳои созандаи хеш ноил мегарданд ва дар сатҳи байналмилали нуфузи худро боз ҳам боло мебаранд. Пас бигузор, партавафшонии парчами миллӣ ва нурафшони хуршеди истиқлолият дар дилу дидаи хар як сокини Тоҷикистон меҳри Ватанро афзунтар намояд ва дар фазои сарзамини ачдодиамон то абад кабутари сулҳ парафшон бошад!