Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои матбуот аз рӯи натиҷаҳои музокироти Тоҷикистону Қирғизистон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров ба Тоҷикистон
29.06.2021, шаҳри Душанбе
Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори омма,
Пеш аз ҳама, мехоҳам зикр намоям, ки дар сиёсати хориҷии Тоҷикистон рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо ҳамсоягон дар минтақа афзалиятнок мебошад.
Имрӯз мо бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Нургожоевич мулоқоти хоса ва музокирот бо иштироки ҳайатҳои ду кишвар доир намудем.
Зикр намудем, ки дар ин марҳила густариши минбаъдаи ҳамкории ду кишвар бо роҳи созандагӣ бояд вазифаи асосӣ бошад.
Ба мувофиқа расидем, ки барои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон, аз ҷумла муколамаи сиёсӣ, кишварҳои мо дорои механизмҳои зарурии ҳамгироӣ мебошанд.
Истифодаи фаъолонаи таҷрибаи баргузории машваратҳои мунтазами байниидоравиро дар соҳаҳои гуногуни ҳамкорӣ ҷонибдорӣ намудем.
Мо баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба баррасии маҷмӯи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаро мувофиқи мақсад ҳисобидем.
Дар ҷараёни музокирот ҳолати муносибатҳои тиҷоративу иқтисодӣ таҳлил карда шуд.
Тамоюли манфиро дар тиҷорати мутақобила зикр намудем.
Барои афзоиши ҳаҷми савдои мутақобила бо истифода аз афзалиятҳои муқоисавии кишварҳои мо тадбирҳои нав таҳия карда мешаванд.
Мо ба мувофиқа расидем, ки ҳамкории байниминтақавиро фаъолтар рушд медиҳем.
Минтақаҳои мо дар самти татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои комплекси агросаноатӣ, фарҳангию гуманитарӣ ва дигар самтҳои ҳамкорӣ кор хоҳанд кард.
Бешак, дар маркази гуфтушунидҳои имрӯза масъалаи делимитатсия ва демаркатсияи хатти Сарҳади давлатӣ қарор дошт.
Дар заминаи ин масъала, талошҳо ба ҳалли масоили марзӣ дар рӯҳияи созандагӣ ва ба назар гирифтани манфиатҳои тарафҳо равона карда мешаванд.
Мо инчунин масъалаи дар давраи оянда имзои Аҳднома дар бораи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро, ки қаблан дар маҷмӯъ мувофиқа шуда буд, муҳокима кардем.
Тибқи лоиҳаи Санад, тақрибан панҷсаду бист километр хати сарҳади давлатӣ тасвир шудааст.
То имрӯз 32 километри дигар бо тартиби корӣ мувофиқа карда шудааст.
Бояд тазаккур дод, ки мо раванди гуфтушунидро дар сарҳад ҳанӯз соли 2002 оғоз карда будем.
Дар тӯли тақрибан 20 соли охир, дар маҷмӯъ, наздик ба 180 ҷаласаи Комиссияи муштарак ва ҷаласаҳои гурӯҳҳои корӣ оид ба делимитатсияи хати сарҳад баргузор шуданд.
Дар паси ин ҳама кори зиёди мутахассисон, хароҷот ва вақти зиёд меистанд.
Мо вазифаи рӯзро дар таҳияи қонунии ин натиҷаҳо мебинем, то минбаъд дар ҳалли масъалаи мураккаби муайян кардани хатти Сарҳади давлатӣ пеш равем.
Мо бо ҷаноби Президент дар бораи ҳодисаи фоҷиаборе, ки дар охири моҳи апрели соли равон дар марз рух дод, муфассал истода гузаштем.
Бо таассуфи бузург, одамон аз ҳарду ҷониб ҷони худро аз даст доданд ва осеб диданд, ба аҳолӣ зарари моддӣ ва маънавӣ расид, ба таҷрибаи ҳамсоягии неки байни халқҳои мо зарари ҷиддӣ расонида шуд.
Аз ин рӯ, мо бояд, пеш аз ҳама, дар бораи барқарор кардани эътимод байни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ фикр кунем.
Ҳамзамон бо ин, Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба делимитатсия ва демаркатсияи Сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон кори худро ба таври муназзам идома хоҳад дод.
Дар музокироти имрӯза мо ба масъалаи истифодаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзӣ дар минтақаҳои наздимарзӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардем.
Пешниҳод намудем, ки кори Гурӯҳи кории байниидоравии Тоҷикистону Қирғизистон оид ба баррасии масъалаҳои дуҷонибаи истифодаи захираҳои об аз сар гирифта шавад.
Мо ба мувофиқа расидем, ки мавҷудияти санадҳои муассири шартномавӣ-ҳуқуқӣ ва механизмҳои институтсионалии истифодаи ҳамаҷониба ва оқилонаи захираҳои обӣ ва энергетикии ҳавзаи баҳри Арал, бо назардошти манфиатҳои ҳамаи кишварҳои минтақа, масъалаи бисёр мубрам аст.
Мо ба мувофиқа расидем, ки таҷрибаи дастгирии тарафайнро ба ташаббусҳои байналмилалии кишварҳоямон идома диҳем.
Дар ин замина, мо доир ба тағирёбии иқлим мубодилаи афкор намудем, аз ҷумла мушкилоти обшавии босуръати пиряхҳо дар Осиёи Марказиро муҳокима кардем.
Мо ба ҷониби Қирғизистон барои дастгирии раисии Тоҷикистон дар СҲШ ва СААД изҳори миннатдорӣ кардем.
Музокироти имрӯзаи Тоҷикистону Қирғизистон нишон доданд, ки тавассути муколама ва ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли ба ҳам мувофиқ, бо назардошти таносуби манфиатҳои миллӣ, тадриҷан ҳалли ҳама масъалаҳо имконпазир аст.
Ташаккур.








Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Беморхонаи марказии ноҳияи Мастчоҳро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ ба маъракаи кишти пахта дар заминҳои хоҷагии деҳқонии «Мирхонд» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ 3 иншооти истеҳсолиро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд






