Кооперативи тиҷоратии «Хатлон»-и Кӯлоб имсол дар як мавсим ду ҳосил ба даст овард

Июнь 26, 2021 10:42

ДУШАНБЕ, 26.06.2021. /АМИТ «Ховар»/. Кооперативи тиҷоратии «Хатлон»-и Ҷамоати деҳоти «Зарбдор»-и шаҳри Кӯлоб баҳри истифодаи самараноки замин ва дар як мавсим бардошти ду се ҳосил аз заминҳои корами обӣ мақсад дорад, ки баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо сабзавоту полезӣ ва дигар маҳсулоти кишоварзиро  кишт намоянд.

Намояндаи  кооперативи тиҷоратии «Хатлон» Ҷумахон Маҳмудов  иброз дошт, ки «имсол бориши боронҳои сел дар моҳи май ба кори кишоварзон мушкилӣ пеш овард ва  дар аксари заминҳо аз нав пунба кишт намудем. Новобаста ба ин, дар натиҷаи меҳнати софдилона тавонистем нашъунамои хуби ниҳолҳои пахтаро таъмин намоем».

— Тибқи мушоҳидаҳо   имсол аз ҳисоби  ғалладонагиҳо  нисбат ба  соли гузашта ҳосили зиёдтар  ба  даст меорем. Баъди ҷамъоварии ғалладонагиҳо барои гузаронидани кишти такрорӣ тухмиҳои хушсифати ба шароити иқлими минтақа мутобиқ, техникаю сузишворӣ ва равғанҳои молиданиро омода кардаем, -илова кард ӯ.

Гуфта мешавад, ки таъмини озуқавории кишвар аз фаъолияти хуби кишоварзони мамлакат  вобаста аст. Бо дарки ин маънӣ,  кишоварзон аз оғози ин мавсим бо дастрасӣ бо техникаю мошинолотҳо, тухмиҳои хушсифат  бо тавсияи мутахассисони соҳа бо кишту парвариши зироатҳои хоҷагии қишлоқ машғул гардида, куштш доран хар порча заминро самаранок истифода баранд.

Июнь 26, 2021 10:42

Хабарҳои дигари ин бахш

РУШДИ САЙЁҲӢ. Таърих, фарҳанг, табиат ва меҳмоннавозии мардум вилояти Суғд сайёҳонро бештар ба худ ҷалб намудааст
Дар истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол» таътили тобистонаи хонандагон хотирмон мегузарад
Дар ноҳияи Деваштич ҳамоиши гирандагони Стипендияи президентӣ баргузор гардид
Дар Тоҷикистон дар беш аз 27 ҳазор гектар ҷуворимакка барои дон кишт гардидааст
Имрӯз ҳаво дар водиҳои Тоҷикистон то 40 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Фестивали хӯрокҳои милллии Покистон баргузор мегардад
Имрӯз ҳаво дар шаҳри Душанбе то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе ба муносибати Истиқлолияти Амрико чорабинӣ баргузор шуд
Заминҳои назди бинои муассисаву идораҳои шаҳри Норак самаранок истифода мешаванд
Дар «Чиларча»-и Ҷамоати деҳоти Саразм 300 нафар хонандагон ба истироҳат фаро гирифта мешаванд
Истироҳат дар Суғд – бо алоқаи боэътимод
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад